Тоҷикистон

ДАРГУЗАШТИ БАХТИЁР ТОЛИБЗОДА: ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК МОҲ 3 ГЕНЕРАЛУ 2 ПОДПОЛКОВНИКРО АЗ ДАСТ ДОД

ДАРГУЗАШТИ БАХТИЁР ТОЛИБЗОДА: ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК МОҲ 3 ГЕНЕРАЛУ 2 ПОДПОЛКОВНИКРО АЗ ДАСТ ДОД

Подполковники милитсия Толибзода Бахтиёр Ҳабибулло, собиқ сардори шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Рустам Асрорзода  хабар дод. Ӯ дар бораи иллати марги подполковник Толибзода чизе нагуфтааст ва танҳо навиштааст, ки ҳамдардии амиқи роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ-ро ба наздикони марҳум мерасонад ва барояшон сабри ҷамил металабад. Худованди мутаъол шахси Ватандӯст ва содиқ ба Ватанро раҳмату мағфират намояд ва ҷояшонро биҳишт гардонад!” – навиштааст Рустам Асрорзода.

Бахтиёр Толибзода 26 июли соли 2016 сардори ШВКД ноҳияи Ишкошим таъйин шуда буд, вале моҳи сентябри соли 2018 дар пайи интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи риояи қонун дар Бадахшон тамоми роҳбарони ин вилоят, аз ҷумла сардорони шуъбаҳои милисаи ноҳияҳои вилоятро барканор карданд ва Толибзода низ он вақт тарки мақом кард.

Аз 4 июл ба ин тараф подполковник Бахтиёр Толибзода инак дастикам шашумин намояндаи баландпояи мақомоти қудратию интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла чорумин афсари баландпояи милитсия аст, ки  тарки ин дунё мекунанд. Панҷ нафари қаблӣ, аз ҷумла 3 генерал, қурбонии коронавирус шуданд.

Рӯзи 4 июл генерал-майор Саидамир Розиқзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар синни 64 дар бемористони бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе вафот кард. Ӯ дар ин бемористон аз коронавирус табобат мегирифт.

Рӯзи 10 июл генерал-майор Пирӣ Ҳусайн, сардори собиқи УБЭП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Тоҷикистон дар бемористони “Якум Советский” аз коронавирус ҷон бохт.

Шаби 31 июл ба 1 август судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода дар синни 58 вафот кард. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшон, яке аз марказҳои асосии табобати беморони коронавирус ҷавоб шуда буд. Темурзодаро рӯзи 1 август дар шаҳраки Шарора дар наздикии шаҳри Ҳисор ба хок супурданд.

Рӯзи 4 август подполковник Анис Усмонзода, сардори милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ дар синни  ҳамагӣ 45 дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохт.

Ва субҳи 6 август генерал-майор Файзулло Абдуллоев, собиқ сардори милитсияи ноҳияи Рӯдакӣ, собиқ сардори УБОП ва собиқ сардори раёсати Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Суғд дар синни 68 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе низ аз коронавирус вафот кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button