ВидеоИқтисод

10 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ ХАРОБИОВАР ДАР ДЕҲАИ РОҶРӮДИ ПАНҶАКЕНТ

Нимаи дуюми рӯзи 7 август, тахминан соати 16 як сели шадид ба болои деҳаи Роҷрӯди ҷамоати Амондара дар канори шаҳри Панҷакент фурӯ рехта, ба боғу роғ ва заминҳои кишти сокинон зарари зиёд расондааст.  Ин алакай дуюмин обхезӣ дар Амондара дар се рӯзи охир аст.

Бар асари селе, ки нимаи дуюми 5 август, соати 17:30 дар ҷамоати Амондара омад, як сокини 60-солаи деҳаи Амондара  ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро сокинон баъди ҷустуҷӯи зиёд субҳи 6 август, соати 06:20 аз зери лойю об  берун кашида, ба наздиконаш супурдаанд. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари сел ба се ҳавлӣ дар деҳаи Амондара лойоба даромада, сел 29 замини наздиҳавлигӣ, 10 гектар заминҳои кишт ва  10 км роҳи мошингарди деҳаро низ аз лой пур кардааст.

Ҳамчунин сел дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ бо овардани лойоба ба сокинон зарар расондааст.  

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 июл бар асари сел дар деҳаи Киштӯдаки Панҷакент 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Моҳи май сел дар ҷануби Тоҷикистон мунҷар ба марги 9 нафар шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button