ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОН ВА ЗОДАГОНИ ҚАФҚОЗ ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шоми  5 август  дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав бо иштироки муҳоҷирон боз як занозании гуруҳӣ рӯй додааст. Видеои лаҳзаи занозанӣ дар гуруҳи «Типичное Одинцово» дар шабакаи «ВКонтакте» нашр шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 5 август даҳҳо нафари бо чӯбу калтак мусаллаҳ аввал дар ҳудуди кӯчаи Северная занозанӣ карданд ва баъди чанде муноқишаи онҳо ба маҳалли хобгоҳҳои муваққати коргарони сохтмони маҷтами истиқоматии “Одинбург” кӯчид.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии РЕН ТВ, дар Одинтсово  зодагони кишварҳои Шӯравии собиқ бо зодагони минтақаҳои ҷануби Русия аз гиребони ҳам гирифтаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.

Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки дар пайи занозанӣ дар Одинтсово ҳудуди 10 муҳоҷир дастгир шудаанд.

Дар вақтҳои охир ин бори аввал нест, ки байни муҳоҷирон аз Шӯравии собиқ ва зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия занозаниҳо рӯй медиҳанд.

Аз ҷумла шоми 28 июл дар шаҳри Санкт Петербург зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифтанд. Пулиси Петербург 166 нафарро дастгир карда, 33 нафарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт ва ба зидди ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод.

Шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” ҳудуди 200 муҳоҷир, асосан зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозанӣ карданд. Пулис 103 нафари онҳоро дастгир кард.

Рӯзи 18 июл занозанӣ бо иштироки ҳудуди 20 нафар дар шаҳраки Апрелёвка дар вилояти Маскав рӯй дода, шоми 30 июл дар  пайи занозании гуруҳӣ дар дохили мағозаи “Ашан” дар фурӯшгоҳи “Тройка”  дар кӯчаи Верхняя Красноселская дар маркази Маскав пулис ҳудуди 50 муҳоҷирро дастгир кард.

 ВКД Русия гуфт, чунин занозаниҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург рӯй доданд.

Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button