ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МУЛОҚОТИ “БИДУНИ ГАЛСТУК”-И ПРЕЗИДЕНТҲОИ 5 КИШВАРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (12 АКС)

Нахустин мулоқоти президентҳои ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар соҳиби баҳри Хазар (Каспий) дар фазои ғайрирасмӣ, “бидуни галстук” доир шудааст.

Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки ба ғайр аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин мулоқоти ғайрирасмӣ шими ҷинс, курткаи тунук дар тан ва туфли дар пой омада буд, 4 президенти дигар дар тан либоси варзишӣ ва дар пойҳояшон  кроссовка доштанд.

Мизони ин нишаст президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов меҳмонони баландпояашро ба толори фитнеси дӯстдоштаи худ дар осоишгоҳи “Овоза” (“Аваза”) низ бурдааст. Дар яке аз аксҳо 5 президент саргарми суҳбат дар дохили толори фитнес дида мешаванд.

Рӯзи  6 август дар маркази конрессҳои “Овоза” мулоқоти машваратии роҳбарони аввали 5 кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва вазъи Афғонистон аз мавзӯъҳои асосии ин нишаст ном бурда мешаванд.

Баъди анҷоми нишаст 5 президент аз намоишгоҳи маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин аз ҷашнвораи ғизои миллии халқҳои сокини ин минтақа дидан карда, намунаҳои ғизоҳои миллиро мечашанд.

Дар Туркманистон барои президентҳои минтақа консерти “Шоми дӯстӣ” бо иштироки овозхонҳову ҳунармандон аз ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ низ доир мешавад. Овозхони тоҷик  Муҳаммадрафии Кароматуллоҳ дар саҳифааш дар Фейсбук акси  муштаракаш бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова ҳангоми омодагиҳо ба ин консерт дар Туркманистонро нашр кардааст.

Қаблан хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон акси дар ҳавопаймои президенти Туркманистон ҳамроҳ бо Бердимуҳаммадов аз Ишқобод ба соҳили баҳри Каспий парвоз кардани Эмомалӣ Раҳмонро нашр карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button