ВидеоМуҳоҷирон

КОРХОНАИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ СӮХТ. ОНҲО 2 МИЛЛИОН РУБЛ ҚАРЗДОР ШУДААНД. КУМАКАШОН КУНЕД! (ВИДЕО+3 AKC)

Рӯзи 1 август дар микрорайони 1 Майи шаҳри Балашиха, ки дар тақрибан 500 метр фосила аз МКАД, шоҳроҳи ҳалқавии атрофи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст, корхонае, ки дар онҷо 4 муҷоҳири тоҷик кор мекард, оташ гирифт.

 Ин муҳоҷирон як гаражро дар инҷо иҷора гирифта, ҳамчун устои мошин кор мекарданд. Аз қазо дар вақти сӯхтор се мошини муштариёни устоҳои тоҷик дар дохили он гараж буданд ва мутаассифона, ҳарсе мошинба коми оташ рафта, корношоям шуданд.

Ин бачаҳои тоҷик дар як номаи пурсӯз ба идораи сомонаи “Бомдод” навиштанд, ки соҳибони ин мошинҳо воситаҳои нақлиёти худро барои таъмир дода буданд ва тибқи тамоми қонунҳои инсонӣ, мошинҳои муштариён дар дасти онҳо амонат буд ва ҷавобгарии ҳама шикасту рехташон то даме ки ба дасти соҳибонашон барнамегардонанд, низ ба дӯши онҳост.

Соҳибони мошинҳо молҳои сӯхтаи худро нарх гузошта, барои баргардондани пулаш ба устоҳои тоҷик фурсат додаанд.  Онҳо бояд барои мошини тамғаи “Ситроен” 350 ҳазор рубл, барои “Волво” 200 ҳазор рубл пардохт кунанд. Вале аз ҳама нигаронкунанда ва барои устоҳои тоҷик миёншикан як мошини тамғаи “Шевроле Тахо” аст, ки соҳибаш ҳамчун ҷуброн 1 миллиону 400 ҳазор рубл  талаб дорад ва ба болои ин, ба фарқ аз соҳибони ду мошини дигар, ки омодаанд каме сабр кунанд, соҳиби “Шевроле ба устоҳои тоҷик ҳамагӣ ду ҳафта вақт додааст.

Дар умум, ҳоло ба гардани ин 4 бачаи тоҷик қариб 2 миллион рубл бор шудааст, ки бояд ҷамъ карда, ба соҳибони он се мошин бидиҳанд.

“Аз дигар мошинҳо мо муҳлати зиётар гирифтем, 4-5 моҳ ва иншаАллоҳ, худамон кор мекунему ҷуброн мекунем. Вале зӯрамон барои ду ҳафта ҷамъ кардану додани 1 миллиону 400 ҳазор рубл  пули “Шевроле Тахо” намерасад. Аз ин рӯ, мо имрӯз маҷбур шудем, ки рӯй ба мардуми дастбахайру савобҷӯ биорем. Умедворем, ки моро дар ин рӯзи сахт танҳо нахоҳед гузошт. Ҳар як рубли Шумо бароямон фавқулодда муҳим ва зиндагисоз аст. Хоҳиш мекунем аз ҳама, ки бетараф набошед”, – навиштаанд ин 4 устои тоҷик дар муроҷиатномаашон.

Онҳое, ки мехоҳанд ба ин муҳоҷирони тоҷик дасти кумак дароз кунанд, метавонанд ба ин корти Сбербанк пул гузаронанд ваё барои маълумоти бештар мустақиман ба ин бачаҳои ҷабрдида бо телефоне, ки дар поён оварда мешавад, тамос бигиранд:

Рақами корти Сбербанк:

5336 6902 2579 5261

Рахматулло Мирзошариф

Тел: +7 (926) 751 36 71

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button