ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒРО АЗ ДАРЁИ ВАХШ БАЪДИ ҚАРИБ ЯК ҲАФТА ЁФТАНД

Бино ба иттилои раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, ҷасади як духтари ноболиғро, ки ҳанӯз рӯзи 30 июл ғарқ шуда буд, баъди қариб як ҳафтаи ҷустуҷӯ, нимаи дуюми рӯзи 5 август, тахминан соати 16 аз дарёи Вахш пайдо кардаанд.

Ин духтари 17-сола, сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буд, ки ҳафтаи гузашта, рӯзи 30-уми июл дар мавзеъи Сари пули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш  ғарқ шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ҳангоми шиновариро сабаби ғарқ шудани ин духтар номидааст.

Наҷотдиҳандагон ва ғаввосони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ҷасади ин духтари ҷавонмаргро ҳудудан 1 километр дуртар аз ҷойе, ки ғарқ шуда буд, пайдо карда ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button