ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК СОКИНИ АМОНДАРА БАР АСАРИ СЕЛ

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар дод, ки нимаи дуюми 5 август, соати 17:30 дар пайи борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара дар канори шаҳри Панҷакент сел омад. Аз ҳалокати як сокини 60-солаи деҳаи Амондара хабар дода мешавад. Баъди ҷустуҷӯи зиёд сокинони Амондара ҷасади ӯро аз зери лойю об субҳи 6 август, соати 06:20 пайдо карда ва ба наздиконаш супурдаанд. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари сел ба се ҳавлӣ дар деҳаи Амондара лойоба даромада, сел 29 замини наздиҳавлигӣ, 10 гектар заминҳои кишт ва  10 км роҳи мошингарди деҳаро низ аз лой пур кардааст.

Ҳамчунин сел дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ бо овардани лойоба ба сокинон зарар расондааст.  

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 июл бар асари сел дар деҳаи Киштӯдаки Панҷакент 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Моҳи май сел дар ҷануби Тоҷикистон мунҷар ба марги 9 нафар шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август низ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳистони вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид вуҷуд дорад.

Аз аҳолӣ хоҳиш  шудааст, ки сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйбору каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок кунанд, то сел роҳи гузар пайдо кунад ва вориди хонаҳову ҳавлиҳо ва заминҳои кишт нашавад.

Сели соли 2017 дар Амондара

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button