ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ТАҲДИДИ СИЛОҲ СУМКАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БО ПУЛАШ КАШИДА ГИРИФТААНД

Кормандони пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду марди 29-солаи зодаи ҷумҳурии Доғистонро, ки дар ягон ҷо кор намекардаанд, бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир кард.
Нашрияи маҳаллии Gazeta.Spb.ru хабар дод, ки як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон ба пулис муроҷиат карда, хабар додааст, ки шоми 5 август Дар назди бинои №34 дар кӯчаи Заставская ду марди ношинос бо пистолет ба ӯ таҳдид карда, бо зӯрӣ сумкаашро, ки дар дохили он 25 ҳазор рубл дошт, кашида гирифтаанд.
Ғоратгарон баъди ин ба мошини тамғаи “Шкода Рапид” нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
Вале ба кормандони пулис муяссар шуд, ки хеле зуд шахсияти ғоратгаронро муайян ва ҳардуро дастгир кунанд. Пулиси ноҳияи Маскав дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда оғоз кардааст.
Кӯчаи Заставская дар маркази шаҳри Санкт-Петербург, дар наздикии Дарвозаи Маскав ҷойгир шудааст.