ВидеоТоҷикистон

6 КӮҲНАВАРДИ РУСРО АЗ ВАНҶ БА ДУШАНБЕ ОВАРДАНД, ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДИ МАСЛОВ ИДОМА ДОРАД

6 кӯҳнаварди русро, ки дар кӯҳҳои Помир дучори мушкил шуданд, рӯзи 6 август ҳамроҳи 4 узви Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон тавассути чархбол ба Душанбе овардаанд. Дар ин бора ба хабаргузории русии РИА Новости роҳбари ин Шӯро Давлат Ҳабибов хабар дод. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки дар кӯҳҳои Помир ҷустуҷӯи ҷасади кӯҳнаварди ҳафтум аз ин гуруҳ Александр Маслов идома дорад. Маслов рӯзи 26 июл ҳангоми фатҳи қуллаи Сент-Экзюпери  аз кӯҳ афтод ва ҳалок шуд.

Баъди он ҳодиса кӯҳнавардони боқимонда дархости кумак карданд ва рӯзи 4 август 4 узви Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон дар чархболи Қӯшунҳои марзбонӣ барои наҷоти ин кӯҳнавардон рафтанд. Вале, мутаассифона, чархболи онҳо дар ҳудуди мавзеи Пойи Мазори ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми нишастан ба рӯи пиряхи Хирсон дар дараи Абдуқаҳҳор суқут кард. Бар асари садама, як нафар: халабон, яъне пилоти чархбол ба ҳалокат расида, 4 узви Шӯрои сайёҳӣ, аз ҷумла Ҳабибов, ҷароҳат бардоштанд.

Акмал Усманов дар Фейсбук хабар дод, ки халабони ҳалокшуда Сергей Тютин мебошад, ки дар Душанбе ба дунё омада, як умр дар авиатсияи тоҷик хидмат кард. Ба навиштаи муаллиф, Тютин ягон пилоте буд, ки иҷозатномаи парвоз дар баландиҳои кӯҳистони Помирро дошт.

Як акси Сергей Тютин аз соли 2020 дар саҳифаи шогирдаш Хусрав Ахмедов нашр шудааст.

Баъди даргузашти Тютин, хабарнигори тоҷик Абдураҳмон Раҳмонов низ аксҳои ин пилот ва хотираҳояш дар бораи ӯро дар Фейсбук нашр кард.

Давлат Ҳабибов дар суҳбат бо РИА Новости нақл кард, ки баъди суқути чархбол онҳо ҳамроҳи 6 кӯҳнаварди рус худ пойин фаромадаанд. Онҳоро сипас то шаҳраки Ванҷ оварда, сипас бо чархболи Қӯшунҳои марзбонӣ ба Душанбе овардаанд.

Чархболҳои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон баъзе вақт барои амалиёти наҷот, аз ҷумла наҷоти кӯҳнавардони дар кӯҳҳои Помир дармонда истифода мешаванд.  Тақрибан ҳамаи чархболҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, кӯҳнаву фарсуда буда, аз замони СССР ба мерос мондаанд.

12 августи соли 2018 як чархболи  МИ-8-и Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки барои наҷоти як гуруҳи иборат аз 30 кӯҳнавард парвоз карда буд, дар паҳлуи қуллаи  баландтаринни  собиқ СССР – қуллаи Исмоили  Сомонӣ( собиқ қуллаи Коммунизм, баландиаш 7495 метр аз сатҳи баҳр) суқут кард. Дар натиҷа ҳарду узви экипаж ва се кӯҳнавард аз Русия ба ҳалокат расиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button