ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТАҚДИМИ ОРДЕНИ “НИШОНИ ФАХРӢ” БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН (3 АКС)

Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 6 август дар мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар осоишгоҳи “Овоза” дар соҳили баҳри Хазар (Каспий” ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро тақдим кард.  Эмомалӣ Раҳмон аз байни роҳбарони минтақа аввалин нафарест, ки сазовори ин мукофоти тозабунёд дониста шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри 3 акс гуфт, Эмомалӣ Раҳмон “бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ –  “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр ба синни 70 пой мегузорад, аз лиҳози синну сол дар байни роҳбарони имрӯзаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама калонсолтарин ба шумор рафта, аз лиҳози собиқаи раёсаташ низ дар ҷои аввал меистад. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак қариб 29 сол боз зимоми роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Аз ҳамтоёни дигари ӯ дар минтақа Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2007, инак 14 сол дар курсии президентии Туркманистон такя задааст ва раисиҷумҷҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тоза соли 2016 ва  президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев соли 2019 ба мақоми раҳбарӣ нишастанд.

Ҳам аз нигоҳи синну сол ва ҳам аз лиҳози собиқаи раёсат ҷавонтарин роҳбар дар Осиёи Марказӣ Содир Ҷабборов (Жапаров) аст, ки тоза 10 моҳ қабл аз зиндон озод шуда, моҳи январи соли 2021, ҳамагӣ ним сол пеш курсии президенти Қирғизистонро ба даст овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button