ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ МАРГИ ҲАТТО СЕ МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯРО “НАДИД”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 4 август хабар дод, ки даор як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 71 ҳолати нави сирояти сокинон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 79 бемор аз ин вирус шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавти сокинон аз коронавирус сабт нашудааст. Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки феълан дар кишвар 376 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.

Вазорати тандурустӣ аз 30 июл, инак 6 рӯз паиҳам шумораи шифоёфтагонро нисбат ба  нав сироятшудагон бештар нишон медиҳад ва исрор меварзад, ки дар ин 6 рӯз касе дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон набохтааст.

Ин дар ҳолест ки дар рӯзҳои охир дар бораи фавти ҳудуди 10 нафар аз ин беморӣ, аз ҷумла аз марги 3 мансабдори баландпоя хабарҳо ба даст расиданд.

Судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Шамсиддин Темурзода шаби 31 июл ба 1 август дар синни 58 вафот кард. Ӯ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшон, яке аз марказҳои асосии табобати беморони коронавирус ҷавоб шуда буд.

Рӯзи 3 август ректори Донишкадаи технологияҳо ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Акбар Ниёзӣ Меҳрдил низ тӯъмаи коронавирус шуд.

Рӯзи 4 август Анис Усмонзода, сардори милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ дар синнии  ҳамагӣ 45 дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус ҷон бохт.

Мунтақидон мегӯянд, мутаассифона, вазорати тандурустӣ дар робита ба вазъи пандемия дигарбора ҳамон сиёсати хатои пӯшондани воқеиятҳоро пеш гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми  4 август дар Тоҷикистон 15 364 мавриди сироят ба COVID-19 сабт шуда, аз ин шумор то шоми чоршанбе 14 867 нафар (96,8%) шифо ёфтаанд ва 121 нафар, мутаассифона фавтидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button