ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

“ТУ МЕДОНӢ” – ТАРОНАИ НАВИ САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН БА БОЗОР ДАРОМАД (ВИДЕО)

Овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин баъди тақрибан ду сол фосилае, ки аз нашри клипи қаблиаш “Намеша 2” сипарӣ шуд, аз нашри клипи таронаи наваш бо номи “Ту медонӣ” хабар дод.  Ин намоҳанг дар канали  RaminMansour дар Ютуб, ки чанд соли охир таронаҳои Садриддин асосан тавассути ҳамин канал ба бозор медароянд нашр шудааст. Клипи таронаи “Ту медонӣ” рӯзи 3 август нашр шуда, дар рӯзи аввал дар Ютуб алакай беш аз 130 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Матни таронаи “Ту медонӣ” аз Эҳсон Аъзамиён ва мусиқиаш аз Зулфиқору бастакориаш аз Даврон буда,клипи ин тарона ва ҳамин тавр, мусиқиаш дар сабки ретро мебошад. Ҳама чӣ  дар ин клип: аз сару либос то мошину ҷиҳози хона ва ҳатто чароғу чойнике, ки истифода шудааст, ҳама бӯи ретро, ё ба таъбири тоҷикӣ, бӯи қадим мекунад.

Садриддини Наҷмиддин яке аз хушномтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Ӯ худро парвардаи мактаби овозхонии шодравон Кароматуллоҳи Қурбон медонад. Садриддин нахустин қадамҳояшро дар саҳнаи эстрада бо бозхонии таронаҳои ин овозхони фақид ва таронаҳои дар сабки ӯ хондааш гузошт, вале хеле зуд роҳу равиши худро пайдо кард ва ҳоло як хонандаи соҳибмактаб дониста мешавад.

Садриддини Наҷмиддин нахустин овозхони эстрадаи тоҷик буд, ки роҳи Амрикоро боз кард ва дар он сӯи уқёнус консертҳо гузоштаву клипҳо таҳия ва нашр кард.

Садриддин инак чанд сол боз пурра дар Амрико кору зиндагӣ мекунад ва клипҳои навашро тавассути канали RaminMansour нашр мекунад. Клипи таронаи  “Рӯъё”, ки соли 2017 ба бозор даромад, ва клипи таронаи ““Намеша”, ки соли 2018 нашр шуд, ҳар кадом беш аз 13 миллион тамошобин гирд оварданд. Вале клипи таронаи  дуюм аз ин силсила бо номи “Намеша 2”, ки соли 2019 ба бозор даромад, ҳамагӣ 2 миллион тамошобин ҷамъ кард. Соли 2020 охирин клипи Садриддин ба таронаи “Лайлӣ” ба бозор даромад ва то имрӯз 1 миллиону 700 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button