ВидеоСиёсат

ТАЛАБИ ЮСУФ РАҲМОН: ШАХСОНИ ҶИНОЯТПЕШАРО БА НИШАСТҲОИ САҲА РОҲ НАДИҲЕД!

Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) хостааст, ки ба чорабиниҳояш  “шахсони ҷиноятпеша)-ро роҳ надиҳад. Ин масъала рӯзи 2 август  дар мулоқоти додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо роҳбари Маркази пешгирии низоъҳои  САҲА ва ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ин созмон Елена Купчина дар шаҳри Вена, қароргоҳи дафтарҳои марказии САҲА баррасӣ шудааст.

Тавре дар аксҳо дида мешавад, Туула Юреля, ки қаблан роҳбарии  намояндагони САҲА дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, ба ин мулоқот ҷомаи адраси тоҷикӣ дар тан иштирок кардааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Юсуф Раҳмон, ки бо силсиласафаре дар кишварҳои Аврупо қарор дорад, дар ин мулоқот “вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ гардида, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.”

Додситонии кулли Тоҷикистон меафзояд, ки дар дидор бо намояндагони САҲА “ҳамзамон масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигар таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.”

Тавофуқ шудааст, ки дар ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти САҲА ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Нишастҳои САҲА, бахусус анҷуманҳои солонаи ченакҳои инсонӣ дар Варшава,  дар солҳои охир ба як минбари умдаи баҳсҳои байни намояндагони ҳукумат ва мухолифини тоҷик табдил ёфтааст. Соли 2017 ҳайъати расмии Тоҷикистон ба нишони эътироз ба роҳ ёфтани мухолифин анҷумани Варшаваро тарк кард ва ба дунбол, мақоми расмии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон пойин бурда шуда, дафтарҳои саҳроии онро дар чанд шаҳру ноҳия барҳам доданд.

Тобистони соли 2020 Тоҷикистон ҳамроҳ бо Туркияву Озарбойҷон тавонист монеи интихоби дигарбораи роҳбари Дафтари озодиҳои демократӣ ва  Намояндаи вижаи САҲА дар умури озодии матбуот шавад.

Соли 2020 анҷумани солонаи САҲА дар Варшава ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд, вале зоҳиран дар Душанбе хафв доранд, ки дар сурати азсаргирии ин ҳамоиш мухолифини тоҷик метавонанд аз минбари он дигарбора барои ҳамла ба ҳукумат истифода баранд.

Юсуф Раҳмон дар ҷараёни силсиласафараш бо роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Олмон, Лаҳистон (Полша) ва Австрия дар баробари масоили ҳамкориҳо ҳамчунин масъалаи истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дар миён гузоштааст.

Мустафо Ҳаётов ва Ҳизбулло Шовалиев

Аксари паноҳҷӯёни сиёсӣ аз Тоҷикистон дар Аврупо дар ҳамин се кишвар ба сар мебаранд. Даҳҳо нафари онҳо, бо шумули роҳбарони аввали оппозитсия, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан дар бораи аз Аврупо ба Душанбе истирдод шудани 4 нафари таҳти ҷустуҷӯ хабар дода буд. Аз ҷумла Ҳизбулло Шовалиев, ки Австрия ӯро ба Тоҷикистон дод, моҳи июни соли 2020 ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Дар бораи сарнавишти Мустафо Ҳаётов, як узви фаъоли “Гуруҳи 24”, ки соли 2019 ба Тоҷикистон бурда шуд, иттилои дақиқе дар даст нест, вале ӯ гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз кӯчаҳои Душанбе нашр мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button