ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ПУЛИ ЧИПТАИ 100 САФАРАКИИ РУСИЯРО БА КИСА ЗАДААСТ…

ВКД аз боздошти як ҷавонзани 25-солаи сокини пойтахт хабар дод, ки ба қаллобӣ айбдор мешавад.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоили шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2021, ҷавонзани 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада,  бо ваъдаи  барои 100 нафар харида додани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар аз Душанбе ба Русия аз вай 375 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале ин ҷавонзан ваъдахилофӣ карда, пулҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Русия, ки аз 20 марти соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирон баста буд,  аз 1 апрел ба сафари шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод.

Ба дунбол, даҳҳо ҳазор хоҳишманди сафари Русия барои харидани чиптаи парвоз ба назди кассаҳо рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо истифода аз ин гармии бозор нархи парвозҳои худро ба осмон бардоштанд ва ҳамчунин зиёд будани талабот ба чиптаҳои парвоз то Русия бозори ҳаннотон ва қаллобонро гарм кардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин нафар бо иттиҳоми бо нархи гарон фурӯхтани чиптаҳои ҳавопаймо ё фиреб додани мардум бо ваъдаи харида додани чипта хабарҳо нашр мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли 2021 дар ҷумҳурӣ бо иттиҳоми қаллобӣ бо чиптаҳои ҳавопаймо 15 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, 7 парванда алакай ба додгоҳҳо супурда шудаанд.

Раҳимзода гуфт, сокинон бештар дар ҳолатҳои аз дасти миёнаравҳо харидани чипта дучори фиреби қаллобон мешаванд. Ӯ аз сокинон хост, ки танҳо аз кассаҳои расмӣ чипта бихаранд ва дар сурати қонуншиканӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат кунанд.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button