ОҒОЗИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ РУСИЯ, ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 5 август дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар ҷануби Тоҷикистон, 20 километр дуртар аз марзи ин кишвар бо Афғонистон машқҳои муштараки Русияву Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин машқҳо, ки дар пасманзари бад шудани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар Афғонистон ва зери назорати ҷунбиши Толибон афтодани тақрибан нисфи қаламрави он кишвар, аз ҷумла 910 км аз 1370 км марзи мустақими Афғонистон бо Тоҷикистон доир мешаванд, ҳудуди 500 воҳиди техникаву таслиҳоти ҳарбӣ ва наздики 2500 афсару аскар иштирок мекунанд.
1800 сарбоз ва қисмати аксари техникаву таслиҳоти низомиро барои баргузории ин машқҳо Русия ҷудо кардааст. Русия аз ҷумла ахиран ҳавопаймоҳои ҷангиашро аз пойгоҳи ҳавоияш дар Қирғизистон ба ҷануби Тоҷикистон интиқол дода, пойгоҳи 201-умашро бо мошинҳои зиреҳпӯши навтарин мусаллаҳ гардонд.
Хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии артиши Русия хабар дод, ки дар маросими шурӯи машқҳои муштарак дар Ҳарб-Майдон муовини фармондеҳи нирӯҳои ин ҳавзаи ҳарбӣ Евгений Поплавский, муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳошим Ғуломзода ва муовини сардори Ситоди кулли нирӯиҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Фаррух Зиёбоев иштирок ва суханронӣ карданд.
Евгений Поплавский дар ин маросим гуфт: “Дар ҷараёни ин машқҳои муштарак мо таҷрибаи ҷангии андӯхтаи хешро месанҷем, шаклҳои муассиртари истифодаи нирӯҳоро озмоиш мекунем ва роҳҳои муштараки пешбурди амалиётҳои ҷангиро таҳия мекунем.”
Дар пайи бад шудани вазъи Афғонистон мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22 июл як санҷиши саросарии сафарбарии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварро баргузор карда, аз созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) барои тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон кумаки низомӣ хостанд.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ахиран дар ҳошияи нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе гуфт, Русия омода аст, ба Тоҷикистон ба таври ройгон техникаву таслиҳоти ҳарбӣ бидиҳад.


