ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ЯК ЗАН ДАР ХИСТЕВАРЗ МАРДИ ҲАМДЕҲААШРО КОРД ЗАДААСТ

Як зани 26-солаи сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. ВКД гуфт, ки ин зан шаби 2 август, тахминан соати 23:30, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 26-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муноқишаи ба миёномада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ  як маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида
, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат
ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххххххххххххххххххх

Як ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод низ бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир шудааст.

ВКД гуфт,  ин ҷавон рӯзи 6 июл, тахминан соати 12:30, дар заминаи баҳси заминҳои алафдаравиашон дар мавзеи чарогоҳи Чанораки ҷамоати Муҷихарф бо ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст. Дар натиҷа,  ҷабрдида, тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳати миёна  бардоштааст. Ба ҷавони боздоштшуда бар асоси қисми якуми моддаи 111  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  то 2 сол корҳои ислоҳӣ ваё  ҳукми зиндон ба ба муҳлати то 2 сол таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ гардидани марди 26-сола дар заминаи муноқиша

https://vkd.tj/images/Habarho2017/Kushtor/36.jpg

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур аз сабаби муноқишаи ба миёномада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 23-сола бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

https://vkd.tj/images/Habarho2015/DASTGIRSHUDAHO/006.jpg

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар заминаи баҳси заминҳои алафдаравиашон дар мавзеи чарогоҳи Чанораки ҷамоати деҳоти Муҷихарф бо ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи миёна мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button