ЯК ЧАРХБОЛ ДАР КӮҲҲОИ ВАНҶ ЧАППА ШУД: ХАЛАБОН ҲАЛОК ШУД, 4 НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТААНД
Нимарӯзии 4 август як чархболи тамғаи Ми-8- Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳудуди мавзеи Пойи Мазори ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми нишастан ба рӯи пиряхи Хирсон дар дараи Абдуқаҳҳор суқут кардааст. Бар асари садама, як нафар ба ҳалокат расида, 4 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, нафари ҳалокшуда халабони ин чархбол мебошад.
Дар ин бора хабаргузории русии РИА Новости бо истинод ба Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои муқаддамотӣ, чархбол барои кӯчондани 7 сайёҳи рус, ки ҳанӯз рӯзи 28 июл барои кумак муроҷиат карда буданд, ба Ванҷ парвоз карда буд.
Ҳоло наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса рафта истодаанд, то ба захмиҳо кумак расонда, онҳоро ба ягон ҷои амне кӯчонанд ки чархболи аз Душанбе ба парвоз хеста онҷо нишаста битавонад.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи сайёҳони рус ҳам идома дорад.
Ба иттилои Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ, як кӯҳнаварди рус дар баландии 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр зери тарма мондааст ва ҳамроҳони ӯ бо ширкати ташкилкунандаи сафари онҳо дар тамос шуда, кумак хостаанд. Баъди чанде тамос бо ин гуруҳи сайёҳон, ки аз Маскав ба Тоҷикистон омада буданд, қатъ шудааст ва ташкилкунандагони сафар ба Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон барои кумак муроҷиат карданд. Аз инҷо чархболи Қӯшунҳои марзбониро ба амалиёти наҷот ҷалб карданд, вале мутаассифона, ин чархбол худ дучори садама шудааст.
Як манбаи хабаргузории «Азия Плюс» низ хабари суқути чархбол дар ноҳияи Ванҷ ва ҳалокати як нафару захмӣ шудани чор тани дигарро дар ин ҳодиса тасдиқ кардааст.
Аммо сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба «Азия-Плюс» гуфтааст, феълан тафсилоти зиёде дар бораи ин ҳодиса ба даст нарасидааст: “Чархболи марзбонҳо парвоз карда, рафта буд, дигар чизеро намедонем, аниқ карда истодаем “.
Чархболҳои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон баъзе вақт барои амалиёти наҷот, аз ҷумла наҷоти кӯҳнавардони дар кӯҳҳои Помир дармонда истифода мешаванд. Тақрибан ҳамаи чархболҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, кӯҳнаву фарсуда буда, аз замони СССР ба мерос мондаанд.
12 августи соли 2018 як чархболи МИ-8-и Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки барои наҷоти як гуруҳи иборат аз 30 кӯҳнавард парвоз карда буд, дар паҳлуи қуллаи баландтаринни собиқ СССР – қуллаи Исмоили Сомонӣ( собиқ қуллаи Коммунизм, баландиаш 7495 метр аз сатҳи баҳр) суқут кард. Дар натиҷа ҳарду узви экипаж ва се кӯҳнавард аз Русия ба ҳалокат расиданд.