ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДА ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ ДУ МУСОФИР БАР АСАРИ БА АРЧА БАРХӮРДАНИ МОШИН

Рӯзи 2 августи соли 2021, тахминан соати 21:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Самиев Маҳмурод Давлатбекович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти арча бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Самиев М.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дохили автомашина Расулова Зилзила, соли таваллудаш 2002 ва Расулова Нилуфар, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Роғун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Танҳо дар камтар аз як ҳафтаи охир дар 7 садама дар роҳҳои Тоҷикистон дасти кам 8 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсоли солҳои таваллудашон 2012 ва 2019, ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button