ВидеоИқтисодМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БА ЭЪТИРОЗГАРОНИ ПАНҶАКЕНТ ИҶОЗАТИ ГУЗАШТАН АЗ САРҲАДИ ӮЗБЕКИСТОНРО ДОДАНД

Субҳи 5 август ба як гуруҳи сокинони Панҷакент, ки як рӯз қабл дар назди шаҳрдории Панҷакент эътироз карданд, иҷозат додаанд, то аз тариқи гузаргоҳи Саразм марзи Ӯзбекистонро убур кунанд. Манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, танҳо ба як қисми эътирозгарон ва онҳам ба онҳое, ки дар даст чиптаи парвоз ба Русия аз тариқи фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро доштанд, иҷозати гузаштан додаанд ва ба як қисми дигар гуфтаанд, ки бегоҳ иҷозати гузаштани онҳоро медиҳанд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфтанд, мақомоти марзбонии гузаргоҳи Саразм тақрибан аз ҳамаи онҳое, ки марзро убур карданд, аз 400 то 500 сомонӣ “ҳаққи дарвоза” ё худ “андози хуруҷ аз биҳишт” гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 август даҳҳо нафар дар назди шаҳрдории Панҷакент ҷамъ шуда, аз мақомот талаб карданд, ки ба онҳо иҷозати убури марзи Ӯзбекистонро бидиҳанд. Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо ба хотири онки харҷи сафарашон ба мардикорӣ ба Русия арзонтар биафтад, аз тариқи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон чипта харидаанд, вале аз шоми 3 август дар гузаргоҳи Саразм ба онҳо иҷозати убур намедиҳанд ва ба ин далел, пули чиптаи онҳо месӯзад.

Шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода рӯзи 4 август ба назди мардуми норозӣ баромада, ваъда дод, ки барои ҳалли масъалаи онҳо кӯшиш хоҳад кард.

Бо ин ҳол, миёнаравҳое, ки чанд вақт боз танҳо барои убури марзи Ӯзбекистон аз афроди роҳии Русия “ҳақ”  мечинанд ва баъд бо масъулони гузаргоҳҳо тақсим мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаи густардаеро ба зидди сомонаҳои “Бомдод” ва Радиои Озодӣ ба роҳ монда, кӯшиш доранд, то журналистонро айбдор кунанд, ки масъалаи “ҳақ” талаб кардан дар сарҳадро бардоштанду  пули чиптаи мардум сӯхт. Онҳо аз худ “ғамхори муҳоҷирон” тарошида, исбот карданӣ мешаванд, ки гӯё маҳз бо “шарофати онҳо” муҳоҷирон метавонистанд бо нархи арзонтар ба Русия сафар кунанд.

Тақрибан як моҳ боҳ масъалаи убуру мурури муҳоҷирин аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо давлати Ӯзбекистон дар шабакаҳои ичтимоӣ сару садоҳоеро ба по хезондааст.

Асли масъала гирифтани ришва танҳо барои аз сарҳад гузаронидани муҳоҷирин аст. Маълум аст, ки давлати ҳамсоя ба ин, яъне  аз тариқи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон ба Русия сафар кардани муҳоҷирони тоҷик зид нест ва ин корро ташвиқ ҳам мекунад, зеро аз ин фоида мебинад. Муҳоҷирини тоҷик ҳам, табиист, ки роҳҳои арзонтарро мекобанд. Ҳатто муҳоҷирон пора дода, аз марзи Ӯзбекистон гузаранд ҳам, боз ҳам сафар ба Русия тавассути кишвари ҳамсоя назар ба парвоз аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон барояшон хеле арзонтар тамом мешавад.

Дар аввал “шапка”-и иҷозати убури марз аз тарафи марзбонони тоҷик 1000 сомонӣ буд. Дар пайи шикояту норозигии мардум маблағи “шапка” арзонтар шудан гирифт ва рӯзҳои ахир мардуми роҳакии Русия метавонистанд 300 ё 500 сомонӣ дода, марзро гузаранд.

Вале аз 3 август дигар барои гузаштани муҳоҷирон иҷозат надоданд. Аз рӯи маълумотҳр, гӯё ҳама гузаргоҳҳоро бастаанд… Чаро?

Дар ин маврид чанд фарзияро матраҳ мекунанд:

Якум, шояд гурӯҳи манфиатхоҳе дар дохили Тоҷикистон, ки аз ҳисоби фурӯши чиптаҳои парвоз бо нархҳои осмонкаф фоидаҳои ҳангуфт ба даст меоварданд, диданд, ки шумори рӯзафзуни мардум аз тариқи  Ӯзбекистон парвоз мекунанд, аз тарси ин “муштариён аз даст мераванд”, роҳро бастанд, то маҷрои фоидаҳои ҳангуфт аз ҳисоби муҳоҷирони бечораро дигарбора ба тарафи ҷайби худ гардонанд.

Дуюм, шояд  сарусадоҳо лар бораи аз мардуми бечора ҳақ ё худ “андози хуруҷ аз биҳишт” ситондани  сарҳадбонон то ба гӯши мақомоти болоӣ расиду онҳо лаҷоми  сарҳадбонони фосидро кашиданд. Дар ин замина овозаҳои тасдиқношудае низ ҷой доранд, ки гӯё чанд нафар аз сарҳадбононро барои гирифтани пора муҷозот ҳам кардаанд.

Сеюм, шояд сарҳадбонон бо ин амали худ гуфтанӣ шуданд, ки ана ба шумо ин “тӯҳфа” барои ношукриатон, ки бисёр норозигиву эътироз кардед. Додувойи миёнаравҳои онҳо дар шабакаҳои  иҷтимоӣ, ки мегӯянд, магар шарт буд, 300-400 сомонӣ барои мардум мушкил сохтан?, низ баёнгари он аст, ки ин фарзия ҳам метавонад воқеият дошта бошад.

Яке аз онҳо ба идораи “Бомдод” номае навиштааст, ки айнан инҷо меорем: “Маҳс баъд аз иғвогарии шумо ва радиои озодӣ оиди границаи Ӯзбакистон ҳазорон муҳоҷир сарсон ва саргардон шуданд аз ҷумла мо чиптафурушон пули чиптаро барнамегардонанд ва ҳазорон муҳоҷир камаш 5 500 то 7 000 сомонӣ сухтанд!!! Пас бигӯед ҳадафи шумо чи буд??? Акнун хурсанд шудед??? Бог вам судя иғвогарон.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button