ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

НАХУСТИН АКСҲОИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ БАЪДИ ХАБАРИ ЛАТТУКӮБАШ (3 АКС)

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ бо нашри се акс дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар ин идора рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат доир мегардад.

“Имрӯз, 3 августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, қабул намуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин нахустин аксҳои Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҳзари ом дар пайи хабари латтукӯбаш аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент дар таърихи 20 июл аст. Мақомоти вазорати тандурустӣ ҳафтаи гузашта ин хабарҳоро бепоя номида, гуфтанд, ки Абдуллозода барои музокираи масъалаи харидани ваксинаҳои русии “Спутник” ба Маскав рафтааст. Аммо дар бораи мулоқотҳои ӯ бо мақомоти Русия ягон иттилои расмие нашр нашуд ва ин ба оташи гумонҳо дар бораи вазъи саломатии вазир равғани бештар рехт.

Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки баъди фавти Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаи ҳукуматӣ, хоҳарзодаҳои президент чанд духтур ва вазири тандурустиро латтукӯб кардаанд ва дар натиҷа ҷоғи вазир сахт осеб дидааст.

Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ ба хабаргузории  русии “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, Абдуллозода бо як сафари корӣ дар Маскав қарор дорад ва то охири ҳафта бармегардад.

“Ҳадафи сафари вазир ба Маскав ниҳоӣ кардани музокирот бо мақомоти Русия сари ба даст овардани ваксинаи “Спутник V” барои Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, вазири тандурустӣ яке аз аввалинҳо шуда, ваксина гирифта буданд ва гирифтории он кас ба “вируси корона” низ сиҳат надорад”, – гуфт Эмомалӣ Мирзо.

“Спутник” дар анҷоми суханони сухангӯи вазорати тандурустӣ илова кардааст, ки “тасдиқи ин иттилоъ феълан аз манобеи дигари мустақил даст надодаст.”

Вале ин раддия ба оташи ҳадсу гумонҳо дар бораи вазири тандурустии Тоҷикистон баракс равғани бештар рехт. Бисёриҳо хабари ба Маскав рафтани Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба чолиш кашида, навиштаанд, дар рӯзе ки Амрико ба Тоҷикистон якуни миллион вояи ваксинаи Модерна туҳфа кард ва вазорат нишасти хабарии ҷамъбастӣ ҳам дошт, барои музокироти 100 ҳазор ваксинаи Спутник шахсан ба Маскав парида рафтани вазирро боварнокарданӣ номидаанд. Журналист Раҷаби Мирзо навиштааст, аср асри 21 аст ва Абдуллозода метавонист бо нашри як видеои худ ба ин ҳама овозаҳои дар атрофи ӯ бархоста нуқта бигузорад, вале…

Ин ҳам лозим ба гуфтан аст, ки дар сомонаҳои расмии вазорати тандурустии Русия, Маркази Гамалея (истеҳсолкунандаи ваксинаи “Спутник”) ва дигар мақомоти марбутаи Русия низ  то кунун ягон хабари расмие дар бораи сафари вазири тандурустии Тоҷикистон ба Маскав ва дидору мулоқотҳояш бо мақомоти Русия ва музокироташ пиромуни ваксинаи “Спутник” нашр нашудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 26 июл Радиои Озодӣ хабар дод, ки се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, шоми 20‑уми июл, пас аз шунидани хабари марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова, пизишкони баландпоя, аз ҷумла вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари бемористони ҳукуматӣ Холмуҳаммад Раҳимзодаро латукӯб кардаанд.

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари хурдии президенти Тоҷикистон, шоми 20 июл дар беморхонаи ҳукуматӣ дар маҳаллаи “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”) фавтид. Тибқи иттилои дарёфтӣ, барои табобати ӯ аз Олмону Русия ва Узбекистон пизишкон ҷалб шуда будаанд.

“Пас аз эълони марги модар, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо ба пизишкон ҳамла карданд. Ҳама духтуронро задаанд. Танҳо бо дахолати Рустами Эмомалӣ онҳоро ором кардаанд”, ‑‑ гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ.

Ба қавли манобеъ, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода аз сараш зарб хӯрдааст. Осеби пизишкони дигарро сабук арзёбӣ мекунанд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери итоаташ ширкат накард ва субҳи 26 июл дар маросими қабули якуним миллион ваксинаи “Модерна” низ ҳузур надошт. Вале дар нишасти хабарии вазорат, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, дар посух ба ин суол, ки вазир куҷост ва дуруст аст, ки ҷоғаш шикастааст?, ҷавоб гуфт, ки “вазир дар сафари хидматӣ аст, ин гап боз аз куҷо баромад?”

Ба ин савол, ки дар сафари хидматӣ дар куҷо қарор дорад ва чӣ кор мекунад?, Шодихон Ҷамшед посухи дақиқ надод ва танҳо ишора кард, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Сабаби марги Қурбонбӣ Раҳмонова, ки 21‑уми июл дар Данғара ба хок супурда шуд, расман шарҳ дода нашудааст, вале манобеи ғайрирасмӣ гуфтанд, ки ӯ аз коронавирус фавтидааст.

Писари ӯ Фахриддин Сафарзода дар маросими дафни модараш иштирок надошт. Гуфта мешуд, ки ӯ низ дучори коронавирус шудааст ва ба ҳамин далел, дар маросими дафни модараш дар деҳаи Маликоваи ноҳияи Данғара иштирок карда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button