ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЛАТТУКӮБИ БОБО АЗ СӮИ НАБЕРА ДАР ВАҲДАТ ВА ҚАТЛИ ҲАМСАР АЗ ҶОНИБИ ЯК СОКИНИ РӮШОН

ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду мавриди муноқишаҳои оилавӣ хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 24-уми июли соли 2021, набераи ноболиғи 16-солааш ӯро латту кӯб намуда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯшон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми августи соли 2021, дар хонаи истиқоматиаш ҳамсари 29-солаашро аз сабаби муноқишаи оилавӣ латту кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷавонзан ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба шавҳар, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад,  акнун бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан расондан осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button