ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶУСТУҶӮИ “ЗАФАР” ВА “АЮБ” БАРОИ ОДАМРАБОӢ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021, се нафар шахсони номаълум ӯро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Ҳундай-Элантра” савор намуда, дастонашро бо скоч баста, то расидан ба ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ӯро лату кӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд.
Баъдан номбурдаро азобу уқубат дода, бо телефони мобилиашон ба навор гирифта, ӯро таҳдид намудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти одамрабоӣ дастгир карда шуд, ки ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии рафиқонаш “Зафар” ва “Аюб” ном шахсон содир намудаанд.

Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия барои муайян ва дастгир намудани “Зафар” ва “Аюб” идома дорад.
ВКД Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои аввали баъди ҷанг дар Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо ҳолати одамрабоӣ бахусус аз ҷониби гуруҳҳои силоҳбадаст ба қайд гирифта мешуд. Вале солҳои охир чунин ҷиноятҳо дар кишвар тақрибан мушоҳида намешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button