ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАН ВАКСИНА ГИРИФТАМ. ШУМО ҲАМ ҲАТМАН БИГИРЕД! КОРОНАВИРУС ШӮХӢ НАДОРАД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваксинаи зидди бемории коронавирус гирифтааст. Дар ин бора ба “Азия Плюс” сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод.Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар суханрониаш дар ноҳияи Айнӣ гуфтааст: “Ман ваксина гирифтам. Ба шумо ҳам маслиҳат медиҳам, ҳатман ваксина бигиред! Коронавирус шӯхӣ надорад!”

Хабари аз коронавирус ваксина гирифтани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи июл дар бораи гирифтори ин беморӣ шудани чанд тан аз хешовандони наздики президент ва зоҳиран ба ҳамин иллат даргузаштани хушдомани ӯ Ӯзбекбӣ Асадуллоева ва хоҳари хурдиаш Қурбонбӣ Раҳмонова нашр шуда буд.

Аммо Абдуфаттоҳ Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи ваксина задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди ваксина: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст. 

Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя ваксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин ваксина задаанд.

Аммо маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин ваксинаҳоро гирифтааст ё ягон ваксинаи вижаи дигар?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон риояи бечунучарои ҳамаи меъёрҳои беҳдоштӣ, ба хусус риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин ваксина гирифтан аз коронавирусро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо пандемия мешуморад.

Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, асосан аз Хитой ва Амрико беш аз 4 миллион воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст.  Аз ҷумла Тоҷикистон дар поёни моҳи июл ба таври ройгон аз Амрико 1,5 миллион ваксинаи “Модерна” ва аз Хитой 2 миллион ваксинаи “КоронаВак” дарёфт кард ва аз 28 июл дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи оммавии ваксиназанӣ аз коронавирусро шурӯъ кард. Ин маърака то кунун асосан бо пойтахт ва чанд шаҳри бузург маҳдуд мешуд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар кишвар беш аз 660 ҳазор нафар ҳадди ақал як вояи ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд. 49 ҳазор ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Сухангӯйи президент: Эмомалӣ Раҳмон ваксина задааст

Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аммо расман гуфта нашудааст, ки раисҷумҳур кадом навъи воксин задаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус ваксина задааст. Дар ин бора сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия плюс” хабар дод.

Аммо Шарифзода нагуфт, ки расиҷумҳур кадом навъи ваксина задаанд. Ӯ гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди ваксина: “Астразенека”-и аврупоӣ, “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст. 

Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя ваксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин ваксина задаанд.

Аммо ҳоло маълум нест, ки президенти Тоҷикистон яке аз ин ваксинаҳо задаанд ё ваксинаи вижаи дигаре.

– Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд, рӯзҳои 28-30 июли соли 2021, дар яке аз баромадҳояшон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Айнии вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон аз мардум даъват намуданд, ки барои пешгирӣ аз бемории СOVID-19 ва нигоҳдории саломатӣ аз сирояти навъ (штам)-ҳои нави он ҳатман ваксина гиранд… Ва илова намуданд: Ман шахсан ваксина гирифтам. Ба Шумо низ маслиҳат медиҳам, ки ваксина гиред,-гуфт Шарифзода аз бо нақли қавл аз Раҳмон.

Манбаъ, ҳамчунин дар бораи кай ва чанд воя воксин гирифтани Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфт.

Ӯ аз қавли президент гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисиҷумҳур таъкид кард, ки “ҳатман эмгузаронӣ кунед ва шухӣ нафаҳмед”. Чунки кадом давлатҳое ки оммавӣ эмгузаронӣ карданд, дар онҳо сатҳи муриш кам аст. Одаме, ки эм гузаронад касал шавад ҳам бемориро сабук мегузаронад. Фикри худатону фарзандону миллати тоҷикро кунед”.

Дар моҳи июл дар расонаҳо хабари ба вируси куруно мубтало шудани чанде аз наздикону аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ба гуфти манбаъҳои гуногун хушдомани 88-солаи Эмомалӣ Раҳмон Ӯзбекбӣ Асадуллоева ва хоҳари 64-солааш Қурбонбӣ Раҳмонова аз ин беморӣ вафот карданд.

Ҳамчунин хабарҳо дар мавриди гирифтор шудани аъзои дигари хонаводаи раисҷумҳур низ расонаӣ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button