ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ГЕНЕРАЛ РАҲИМЗОДА: ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИРО ЛАТТУКӮБ КАРДАНД? МАН БОРИ АВВАЛ МЕШУНАВАМ (ВИДЕО)

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август дар нишасти хабариаш  дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё мақомот ҳодисаи латтукӯби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозодаро таҳқиқ мекунанд?, дар ин бора изҳори бехабарӣ кард.

“Вазири тандурустиро латтукӯб карданд? Ман шахсан дар ин бор бори аввал мешунавам. То имрӯз ягон шикоят дар ин бора ворид нашудааст. Мо ҳам аз Интернет хондем, вале ягон гап нест”, гуфт генерал Раҳимзода.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ  шоми 3 август бо нашри се акс дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки  вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ба кор баргаштааст ва рӯзи сешанбе ҳатто шахсан

“муроҷиати як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод”.

Ин нахустин аксҳои Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҳзари ом дар пайи хабари латтукӯбаш аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент дар таърихи 20 июл аст. Дар аксҳо  дида мешавад, ки вазир дар рӯяш ниқоб дошта, аз корафтодагон чанд метр дур нишастааст.

Вазорати тандурустӣ ҳафтаи гузашта хабари латтукӯб шудани вазирро рад карда, гуфта буданд, ки Абдуллозода барои музокираи масъалаи харидани ваксинаҳои русии “Спутник” ба Маскав рафтааст. Аммо як манбаи Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе гуфтааст, ки вазири тандурустӣ бори охир тавассути ин фуругоҳ моҳи май ба Туркия рафта буд ва дар ин авохир ҳадди ақал аз тариқи фурудгоҳи Душанбе ба ягон ҷо сафар накардааст. Аъзои ҳукумат дар фурудгоҳ тибқи қоида аз толори махсус мегузаранд ва равуои онҳо ба хориҷ дар инҷо сабт мешавад.

Радиои Озодӣ исрор меварзад, ки Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари бемористони ҳукуматӣ дар “Шаҳраки тиббӣ” (“Медгородок”)  Холмуҳаммад Раҳимзода ва чанд духтури беморхонаи ҳукуматиро рӯзи 20 август полковник Фахриддин Сафарзода ва бародаронаш Фаррух ва Зиёдалӣ латтукӯб кардаанд, ки дар натиҷа ҷоғи Абдуллозода осеб дида, Раҳимзода аз сараш зарб хӯрдааст ва табибон ҷароҳати сабук бардоштаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, онҳо вақте латтукӯб шудаанд, ки як табиби аз хориҷ даъватшуда шеваи табобати Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари хурдии президент Эмомалӣ Раҳмон ва модари Фахриддин Сафарзодаро нодуруст номидааст.

Радиои Озодӣ рӯзи 4 август хабар дод, ки бино ба иттилоии манбаъҳояш, Ҷамолиддин Абдуллозода дар хона таҳти табобат қарор дошт: “Ду нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл аз вазир дар хонаи ӯ аёдат кардаанд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, вазир дар хонааш табобат мегирифт ва нав гипсро аз манаҳаш гирифта буданд.”

Ҷамолиддин Абдуллозода, зодаи ноҳияи Данғара, ки 54 сол дорад, моҳи майи соли 2020 дар пайи интиқодҳои тунд аз шеваи роҳбарони қаблии вазорати тандурустӣ бо пандемия вазири тандурустӣ таъйин шуд. Абдуллозодаро ба он айбдор мекунанд, ки аз аввали соли 2021 ба Тоҷикистон расидани мавҷи нави коронавирусро рад мекард ва ин боиси эҷоди фориғболӣ дар байни мақомот ҷомиаи шуда, Тоҷикистонро тобистони соли ҷорӣ бидуни омодагии кофӣ дар рӯбарӯи мавҷи азиму марговари пандемия қарор дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button