ОДАМКУШӢ ДАР ҶАЙҲУН, ДУЗДӢ ДАР МАСТЧОҲ ВА АВБОШӢ ДАР ЧОРТЕППА ВА БОЗОРИ “МУҲАММАДҶОН”
Шаби 30 июл, соати 23:30 ду сокини 42 ва 32-солаи ноҳияи Ҷайҳун баъди нӯшидани машрубот дар лаби канали ҷамоати Панҷ муноқиша карданд. Дар ҷараёни муноқиша марди 32-сола бо мушту лагат ба сару рӯи марди 42-сола чанд зарба зада, ӯро беҳуш кардааст ва аз ҷайбаш 350 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҷабрдида, ки ҷароҳати вазнин бардошта буд, ҷон додааст.
Алайҳи гумонбаршаванда бар асоси моддаҳои 110, қисми 3 ва 249, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, ва ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххххх
Ҷавонзани 27-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 2 август, соати 4:50 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи марди 36-солаи сокини ин ноҳия шуда, аз он ҷо 80 ҳазор рубли русиро дуздидааст. Ба зидди зан бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парванда кушодаанд. Ба ӯ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххххх
Ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Сино ба он гумонбар мешавад, ки шоми 1 август, соати 20:00, дар назди бозорчаи «Муҳаммадҷон», воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда 1 маротиба ба китфаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
ххххххххххххх
Марди 28-солаи сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 август, соати 16:30 дар ҳудуди ин ҷамоат ду ҷавони 23-сола аз ҷамоати Чимтеппаро латтукӯб карда, ҳардуро корд задааст. Дар натиҷа, ҳарду бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 3 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ба ҳалокат расидани марди 42-сола зери мушту лағати ҳамқадаҳ
Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, мардони 42 ва 32-солаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун баъди нӯшидани машрубот дар соҳили канали обгузари ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи мазкур муноқиша намуданд.
Марди 32-сола бо мушту лағат ба қисмати сару рӯи марди 42-сола якчанд зарба зада, ӯро беҳуш карда, баъдан аз ҷайбаш 350-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 110 қисми 3 ва 249 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар назди бозорчаи «Муҳаммадҷон», воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе қарор доштанаш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба китфаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми августи 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми бо ҳамроҳии рафиқаш ҷавони 23-сола дар ҷамоати деҳоти Чортеппа қарор доштанаш, шахси номаълум онҳоро лату кӯб намуда бо корд 1-маротибагӣ ба узвҳои баданашон задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корманлони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Боздошт гардидани зани 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 04:50-дақиқа, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 80 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.