ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР РЕГАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар як садамаи нақлиётии рӯзи 2 август як зани 57-сола аз ҷамоати Пахтаобод ҷон бохтааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 2 август, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Жинаев Исохон Мирзоалиевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати Регар, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати Пахтаобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД қаблан хабар дода буд, ки дар поёни ҳафтаи гузашта дар 5 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 6 нафар, аз ҷумла як тифли дусола ва як кӯдаки нӯҳсола ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуданд. 

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button