ВидеоМуҳоҷирон

ҲАБСИ МАРДИ ТОҶИКЕ, КИ КОСАХОНАИ САРИ ТИФЛИ НАВЗОДАШРО ЗАДА ШИКАСТ

Додгоҳи ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 август  шаҳрванди  27-солаи Тоҷикистон Искандар Қурбоновро барои ду моҳ, то 30 сентябр ба ҳабси пешакӣ гирифт. Дар ин бора Телеграм канали хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург хабар дод.

Қурбонов бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия ба  расондани осеби вазнин ба саломатии кӯдаки хурдсол айбдор мешавад ва ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Русия то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Искандар Қурбонов рӯзи 31 июл дар асоси шикояти ҳамсари 27-солааш аз Ӯзбекистон дастгир шуд. Ин зан дар баёноташ гуфтааст, ки шавҳараш ҳангоми муноқиша мехост ӯро бизанад, вале ба сабаби маст буданаш дасташ хато рафт ва мушташ ба сари кӯдаки думоҳаи онҳо расид.

Ин кӯдакро бо ҷароҳатҳои вазнини косахона ва мағзи сар субҳи 31 июл дар бемористони шаҳрии кӯдаконаи № 2 (бемористони Мария Магдалина) бистарӣ кардаанд.  Табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ карда, мегӯянд, барои наҷоти ҷонаш мубориза бурда истодаанд.

Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург гуфт, дар рафти мурофиа “Қурбонов гуноҳи худро қисман эътироф кард. Аз додгоҳ хост, ки ӯро ба ҳабс нагиранд”.

Рӯзи 2 август  раёсати тафтишоти Петербург  хабар дод, ки ба зидди марди с.т. 1994 бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатии кӯдаки хурдсол  расман айб эълон шудааст.

Бар асоси фарзияи тафтишот, айбдоршаванда шаби 30 ба 31 июл дар манзиле дар хиёбони Энгелси ноҳияи Виборг бо ҳамсараш, ки кӯдаки думоҳаашон дар дасташ буд, муноқиша карда,  мехоҳад ҳамсарашро бо мушт бизанад, вале дасташ хато хӯрдааст ва мушти ӯ дастикам як маротиба ба сари тифли навзод расида, ба кӯдак ҷароҳатҳои вазнин расондааст.

Ба гуфтаи табибон, бар асари зарба мағзи сари кӯдак ҷароҳати вазнин бардошта, косахонаи сараш шикастааст ва тифли навзод контузия гирифтааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, волидони кӯдак аввал гуфтаанд, ки ӯ худаш ногаҳон афтоду ҷароҳат бардошт. Вале пулис ба ин фарзия бовар накардааст. Ҳангоми бозпурсӣ модари кӯдак иқрор кардааст, ки падараш ҳангоми муноқиша мехост ӯро бизанад, вале мушташ хато хӯрду ба сари кӯдак расид.

Бар асоси аризаи модари кӯдак, падари муштзӯри ӯро дастгир карданд. Аввал нисбат ба вай бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират протокол тартиб доданд, вале алакай шоми шанбе нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатии кӯдаки хурдсол парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button