ВидеоТиб ва беҳдоштЧеҳраҳо

БОЗ КОРОНАВИРУС? ДАРГУЗАШТИ СУДЯИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ ШАМСИДДИН ТЕМУРЗОДА

Темурзода Шамсиддин Сафар, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шаби 31 июл ба 1 август дар синни 58 аз олам чашм пӯшид.  Ҷанозаи ӯро рӯзи 1 август, дар намози пешин дар шаҳраки Шарора дар Ҳисор намози ҷаноза карда, дар ҳамонҷо ба хок супурданд.

Додгоҳи олии иқтисодӣ дар сомонааш бо нашри як номаи таслият даргузашти Шамсиддин Темурзодаро тасдиқ кард ва гуфт, аҳли ин додгоҳ хабари марги ҳамкори худро “бо андӯҳи бузург” дарёфтаанд ва “ҳамдардиву таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии  роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба  наздикону пайвандони Темурзода Шамсиддин изҳор намуда аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.”

Додгоҳи олии иқтисодӣ дар бораи иллати марги судяи собиқадораш дар синни 58 расман чизе нагуфтааст, вале як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Шамсиддин Темурзода чанд вақти охир дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зарафшон аз коронавирус табобат мегирифт. “Ягон 3 ё 4 рӯз қабл ӯро аз беморхона ҷавоб доданд, вале шаби 31 июл ба 1 август бар асари тромб дар роҳи ҳаракати хунаш дар рагу дил ҷон дод”, гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки намози ҷаноза ва маросими дафни Шамсиддин Темурзода бидуни рӯи даст гирифтани чораҳои шадиди беҳдоштӣ сурат гирифт, аммо мардум қоидаҳои асосӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоӣ (то 2 метр)  ва пӯшидани ниқобро дар ин маросим риоя карданд.

Шамсиддин Темурзода  қаблан дар додгоҳи вилояти Хатлон кор мекард. Ӯ соли 2018 бо ордени Спитамен дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.

Шамсиддин Темурзода, бино ба иттилои дарёфтӣ, бо генерал Мурод Саидов, сармуҳофизи президенти Тоҷикистон риштаи қудоӣ дошт.

Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ӯро яке аз судяҳои бонуфузи ин ниҳод ном бурда, гуфтанд, ки умр вафояш накард, вагарна Темурзода яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми муовини раиси ин додгоҳ буд.

Хабари марги Шамсиддин Темурзода баъди гирифтор шуданаш ба коронавирус дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 30 июл ба ин тараф, инак 4 рӯз боз исрор меварзад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави марги сокинон аз пандемия сабт нашудааст.

Вале гузоришҳои нашршуда ва хабарҳое, ки ба даст мерасанд, баёнгари онанд, ки вазорати тандурустӣ зоҳиран дигарбора сиёсати пӯшондани воқеиятҳо ва “таҳрир”и омори сироят ва маргумир аз коронавирусро пеш гирифтааст. Сиёсати хатое, ки ахиран Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ омодагӣ  дар рӯбарӯи як мавҷи азиму марговари ҳамлаи коронавирус қарор дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button