ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: ГУЛМАҲМАДЗОДА БА ҶОИ САТТОРОВ САФИРИ НАВ ДАР РУСИЯ ШУД

Рӯзи 2 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таркиби ҳукумат ва  сохторҳои дипломатии кишвар як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Тағйироти аз ҳама муҳим таъйини сафири нави Тоҷикистон дар Русия буд. Бо фармони президент, Имомуддин Сатторов  аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия ва Арманистон ва ҳамчунин аз мақоми Намояндаи Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодии СНГ “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” барканор карда шуда, ба  мақоми сафири нави Тоҷикистон дар Маскав  Давлатшо Гулмаҳмадзода таъйин шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба чанд далел муҳимтарин сафорат дар сохторҳои дипломатии Тоҷикистон ба шумор меравад.  Аз як тараф, ба далели дар Русия кору зиндагӣ кардани беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ва аз тарафи дигар, ба далели таъсир ва нуфузи фавқулоддае, ки Маскав ба унвони шарики стратегии Душанбе дар Тоҷикистон ва бар ҳукумати ин кишвар дорад.

Гулмаҳмадзода 60 сол дошта, 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1987 ӯ Донишкадаи обёрии Тошканд ва соли 2007 Академияи хидмати давлатии маъмурияти президенти Русияро хатм кардааст. Гулмаҳмадзода аз 14 феврали соли 2020 то 2 августи соли ҷорӣ, яъне то таъйин шуданаш ба раҳбарии сафорат дар Маскав  муовини сарвазири Тоҷикистон  буд. Ӯ солҳои пеш  дар мақомҳои раиси вилояти Хатлон, раиси кумитаи замин ва раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон кор кардааст.

Имомуддин Сатторов, ки аз аввали солҳои 90 дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва аз ҷумла солҳои тӯлонӣ ҳамчун сафир дар ин кишвар хидмат мекард, аз соли 2014 роҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Маскавро бар уҳда дошт. Сабаби барканории Сатторов  дар фармони президент “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале дар бораи ба кадом мақоми мушаххаси дигар таъйин шудани ӯ ҳанӯз иттилое нашр нашудааст.

Бо қарори ҳукумат ҳамчунин Хусрав Нозирӣ аз мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод карда шудааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Хусрав Нозирӣ бо розигии Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дабири кулли ин созмон таъйин шудааст.

Бо фармонҳои президент ҳамчунин Файзулло Холбобоев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Молдова озод карда шуда, Давлат Назризода, сафири кунунии Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафири нави Душанбе дар Кишинёв низ таъйин шудааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 августи соли 2021
№217

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
озод намудани Сатторов И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 августи соли 2021
№218

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова
озод намудани Холбобоев Ф.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холбобоев Файзулло Самадович аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 августи соли 2021
№219

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 августи соли 2021
№220

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова
таъин намудани Назризода Д.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Назризода Давлаталӣ Ҳайдар Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 августи соли 2021
№221

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 августи соли 2021 №315
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Нозирӣ Хусрав

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нозирӣ Хусрав бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button