ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СӮИҚАСД БА ОДАМКУШӢ ДАР МАСТЧОҲ, ҒОРАТГАРӢ ДАР СИНО ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТ АЗ БОЗОРИ “БАРАКАТ”

Марди  29-солаи сокини шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир суд шудааст, ин бор бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. ВКД гуфт, ки ӯ шаби 31 июл, тахминан соати 23:50, “аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи сокини 33-солаи шаҳраки Бӯстон омада, бо корд чанд маротиба ба рӯй ва гарданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

хххххххх

Ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара ба он гумонбар мешавад, ки шоми 17 июл, соати 20:40  дар назди бинои 8-и кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи  Сино телефони мобилии тамғаи «Редмӣ-5»-ро кашида гирифта, ба ӯ ба маблағи 1800 сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххх

Зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 август  аз мизи фурӯши тиловории марди 33-солаи сокини ҷамоати Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ дар бозори “Баракат” ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 5180 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани сӯиқасд ба одамкушӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 31-уми июли соли 2021, тахминан соати 23:50-дақиқа аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии, марди 33-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстон омада, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба рӯй ва гардани охирин задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 2, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 19-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 17-уми июли соли 2021, тахминан соати 20:40-дақиқа ҳангоми дар назди бинои 8-и кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефонии мобилии тамғаи «Редмӣ-5»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумонисодир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бозори “ҶДММ Баракат” аз мизи фурӯши тиловорияш ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 180-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Н.Хусрав, содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button