ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ДАСТГИРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БУД: ДАРГУЗАШТИ СОҲИБКОРИ ДАСТБАХАЙР ЗИКРУЛЛО ШАРИПОВ

Сураташ бехабар аст аз маргаш,

Сураташ бин, чӣ қадар механдад…

Зикрулло Шарипов, молики тарабхонаи “Старый дуб” дар Маскав ва яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Русия тарки ин дунё кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як номаи таслият марги Зикрулло Шариповро даргузашти нобаҳангом номида, аз ӯ ба унвони як соҳибкори саховатпеша ва накӯкор ёд кардаст. Зикрулло Шарипов узви Шӯрои ҷамъиятие буд, ки дар сафорати Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони бонуфузи ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ташкил шудааст.

Сафорати Тоҷикистон навиштааст, ки марҳум “дар ҳама лаҳзаҳои мушкил, махсусан замони маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи Covid-19, ҳамеша дар кӯмаки дигар ҳамватанон буд ва маҳз бо чунин хислатҳои инсондӯстӣ, миёни ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия маъруф ва соҳибэҳтиром буд. Марҳум Зикрулло Шарипов бо ҳисси меҳанпарастӣ, дарк намудани қарзи шаҳрвандӣ ва амалҳои саховатпешагӣ дар корҳои ободию созандагии Тоҷикистон низ, саҳми босазо дошт.”

Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ аз Зикрулло Шарипов ба ҳайси “марди боҳиммати хайрхоҳи Ватандӯст” ёд карда, навиштааст, дар тамоми маъракаҳои тоҷикон иштирок дошту дастгирӣ мекард мардуму миллатро.

Ҷонӣ Сафарзода, яке аз муҳоҷирони фаъоли тоҷик дар гуруҳи “Кӯлоби ман” дар Фейсбук навиштааст, Зикрулло Шарипов ҳамеша ҳамаро бо чеҳраи пур аз хандаву табассум пешвоз мегирифту гусел мекард.

“Тамоми мардуми муҳоҷирро ӯ бо чунин табассум пешвоз мегирифт.Тарабхонаи ӯ барои ҳар як тоҷикистонӣ дастархони бепули кушода дошт. Тамоми чорабиниҳои тоҷиконро мегузаронид. Ҳамеша дастгири муҳоҷирон буд… Аммо ҳеҷ гоҳ намегузошт дар борааш нависанд”,  навиштааст Ҷонӣ Сафарзода.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button