ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

БЛОГЕРИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БА 2 СОЛУ 4 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД, ВАЛЕ ШОЯД ТО ОХИРИ АВГУСТ ОЗОД ШАВАД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав рӯзи 2 август  блогери зодаи Тоҷикистон Кароматулло Ҷаборов, ки 2 феврали соли 2020 дар метрои Маскав дар мавзӯи коронавирус пранки ноҷо карда буд, ба 2 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард.

Дар ин бора ба  хабаргузории русии ТАСС адвокати ӯ  Роман Шахманов хабар дод.

Муваккили ман Ҷаборов ба 2 солу 4 моҳи маҳбас маҳкум шуд. Шарикони ӯ ҳукми шартӣ гирифтанд”, – гуфтааст адвокат.

Вале Шахманов афзуд, ки Кароматулло Ҷаборов гуноҳро пурра ба гардан гирифт ва “бо назардошти муҳлате, ки ӯ дар СИЗО қарор дошт, ӯро метавонанд алакай баъди се ҳафта, яъне то поёни моҳи август озод кунанд.

“Албатта, агар додститонӣ ё маъмурияти метрои Маскав аз ин ҳукм шикоят накунанд. Аз тарафи худ, мо аз ин ҳукм шикоят бурданӣ нестем “, – гуфт Роман Шахманов.

Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Пресня Ҷаборов  4 соли зиндон а барои шарикони ӯ Исаченко ва Мелехов, ки шаҳрванди Русияанд ва ба фарқ аз блогери тоҷик ба шарти тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ қарор доштанд, сесолӣ талаб карда буд.

Кароматулло Ҷаборов аз 9 феврали соли 2020 инак қариб якуним сол боз пушти панҷара қарор дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 2 феврали соли 2020 5 ҷавони аз 17 то 25-сола – се шаҳрванди Русия, як зодаи Қирғизистон ва як зодаи Тоҷикистон дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба самти истгоҳи “Улица 1905 года” ҳаракат дошт, мардумро бо коронавирус тарсонданд ва дар байни издиҳом таҳлука андохтанд.

Дар видеое, ки пранкерҳо дар Интернет нашр карданд, дида мешуд, ки яке аз онҳо, ки дар рӯяш ниқоб кашидааст, якбора дар байни вагон аз ҳуш меравад ва ба даступо задан сар мекунад. Мардум аввал мехоҳад ба вай кумак расонад, вале касе аз пранкерҳо мегӯяд, ки вай гирифтори коронавирус аст ва азбаски он вақт мардум тоза аз коронавирус хабар ёфта буду аз сироятшудаҳо сахт метарсид, ҳама аз бари вай дур мешаванд ва баробари ба истгоҳ расидани метро тарки вагон мекунанд.  Ба гуфтаи тафтишот,  ин саҳнаҳоро Кароматулло Ҷаборов наворбардорӣ карда, дар Интернет гузоштааст.

Ба зидди пранкерҳо аввал бо қисми аввали моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ) парванда кушоданд, вле сипас иттиҳоми онҳоро ба қисми дуюми моддаи 213, яъне авбошии гуруҳӣ иваз карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button