ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

АСКАР ОҚОЕВ БАЪДИ 16 СОЛИ ФИРОРАШ БА ҚИРҒИЗИСТОН БАРГАШТ (ВИДЕО)

Аскар Оқоев, нахустин президенти Қирғизистон, ки соли 2005 дар пайи барканориаш аз қудрат аз кишвар фирор карда буд, рӯзи 2 август, 16 сол баъди фирораш ба Бишкек баргашт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Оқоев “дар натиҷаи чораҳои андешидаи КДАМ” ба Бишкек оварда шуда, ба гуруҳи байниидоравии тафтишотӣ супурда шуд. Ба гуфтаи мақомот, Аскар Оқоев баъди бозгашташ дар давоми рӯзи 2 август дар бинои КДАМ дар робита ба парвандаи хусусигардонии кони тиллои Қумтор таҳти бозпурсӣ қарор доштааст.

Аскар Оқоев қаблан гуфта буд, ки дар сурати кафолати бархӯрди қонунӣ омода ҳаст баргардад ва дар робита ба хусусигардонии кони тиллои Қумтор баёнот диҳад.

Аскар Оқоев  баъди бозпурсӣ ба хабарнигорон гуфт, бозгашти ӯ дар натиҷаи муомила бо КДАМ ва дигар мақомоти кунунии Бишкек сурат гирифтааст. Оқоев гуфт, дар қароргоҳи Ало Арча бо президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот дошт.

Эҳтимол меравад, ки ӯро дар пайи бозпурсӣ раҳо ва дар оянда ҳатто афв кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе ҳам нашр шуд, ки лаҳзаи аз ҳавопаймо пойин шудани Оқоевро нишон медиҳад.

Аскар Оқоев, ки ҳоло 76 сол дорад, аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Дар баҳори соли 2005 ҳукумати ӯро ба тақаллуби натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ айбдор карданд ва дар натиҷаи эътирозҳои густардаи мардум, ки “инқилоби лолаҳо” ном гирифт, ҳукумати Аскар Оқоев сарнагун карда шуд ва ӯ ҳамроҳи фарзандонаш аз кишвар фирор карданд.

Баъди Оқоев ба сари қудрат дар Қирғизистон Қурмонбек Боқиев омад, вале ӯ ҳам дар баҳорисоли 2010 дар натиҷаи эътирозҳои мардумӣ аз мақом барканор ва маҷбур ба фирор аз Қирғизистон шуд.

Қурбонбек Боқиев ба Беларус паноҳ бурд ва онҷо шаҳрвандӣ ба даст овардааст.

Аммо Аскар Оқоев ба Маскав паноҳ бурд ва дар мактабҳои олии Русия дарс медод. Аскар Оқоев олими шинохта дар соҳаи физикаю математика  ва оптика буда, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, то президент шуданаш, академики Академияи илмҳои Қирғизистон шуда буд.

Мақомоти Қирғизистон Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев ва ҳамин тавр фарзандону дигар хешовандони наздики онҳоро бо иттиҳоми коррупсия ва дуздии молу мулки давлат таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд, вале то кунун ба истирдоди онҳо ноил шуда натавонистаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button