ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДУ РӮЗ БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ШИФОЁФТҲО АЗ СИРОЯТШУДАҲОИ COVID-19 БЕШТАР АСТ

Бино ба охирин омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки шоми 31 июл нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави сирояти сокинон ба коронавируси нави навъи COVID-19 сабт шудааст.  Дар ин муддат 86 нафар аз коронавирус шифо ёфта, хушбахтона, ягон ҳолати фавт аз ин вирус сабт нашудааст. Бар асоси омори расмии вазорат, инак ду рӯз боз дар Тоҷикистон таносуби байни сироятшудагон ва шифоёфтанд тамоюли мусбат касб кардааст ва шумори шифоёфтагон аз ҳолатҳои нави сироят ба коронавирус бештар аст.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо дар умум 405 нафари ба коронавирус сироятшуда таҳти табобат қарор доранд. Вазорат қаблан гуфта буд, ки ба ҳисоби онҳо, ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон ин бемориро дар шакли вазнин мегузаронад.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 31 июл дар Тоҷикистон 15 ҳазору 082 нафар гирифтори  коронавирус шуда, аз ин шумор то поёни моҳи июл 14 ҳазору 556 нафар, ё 96,5% аз ҷамъи сироятшудагон шифо ёфтаанд ва мутаассифона, 121 нафар фавтидаанд. Вазорати тандурустӣ танҳо дар моҳи июл аз коронавирус фавтидани 31 нафарро тасдиқ кард. Июл ба ин тартиб пурқурбонитарин моҳ аз лиҳози маргумири сокинон аз коронавирус аз замони шурӯи пандемия дар Тоҷикистон шуд.

Вазорати тандурустӣ риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумлаи риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоби тиббӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин ваксина гирифтан аз коронавирусро роҳи аз ҳама муассири мубориза бо пандемия мешуморад. Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ, асосан аз Хитой ва Амрико беш аз 4 миллион воя ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст.

То имрӯз беш аз ним миллион нафар аз аҳолии кишвар ҳадди ақал вояи якуми ваксинаро гирифтаанд. Ин дар ҳолест ки маъракаи оммавии ваксиназанӣ аз коронавирус дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 28 июл шурӯъ шуд. Қаблан ваксиназанӣ асосан бо пойтахт ва чанд шаҳри дигар маҳдуд шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button