ВидеоМуҳоҷирон

ДАР ПЕТЕРБУРГ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ КОСАХОНАИ САРИ ТИФЛИ НАВЗОДАШРО ЗАДА, ШИКАСТААСТ

Як марди 27-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербурги Русия ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 27-солааш аз Ӯзбекистон мушташ иштибоҳан хато рафта, ба сари писари думоҳааш бархӯрдааст. Кӯдаки бечора аз қазо ҳангоми муноқишаи волидонаш дар дасти модараш будааст. Ин ҳодиса дар як манзил дар кӯчаи Энгелс дар ноҳияи Виборг рӯй додааст.

Кӯдакро дар ҳолати вазнин субҳи 31 июл ба беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи № 2 (беморхонаи Мария Магдалина) овардаанд.  Ба гуфтаи табибон, бар асари зарба мағзи сари кӯдак ҷароҳати вазнин бардошта, косахонаи сараш шикастааст ва тифли навзод контузия гирифтааст. Вазъи саломатии ӯ вазнин арзёбӣ мешавад ва табибон барои наҷоти ҷонаш мубориза мебаранд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, волидони кӯдак аввал гуфтаанд, ки ӯ худаш ногаҳон афтоду ҷароҳат бардошт. Вале пулис ба ин фарзия бовар накардааст. Ҳангоми бозпурсӣ модари кӯдак иқрор кардааст, ки падараш ҳангоми муноқиша мехост ӯро бизанад, вале мушташ хато хӯрду ба сари кӯдак расид.

Бар асоси аризаи модари кӯдак, падари муштзӯри ӯро дастгир карданд. Аввал нисбат ба вай бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират протокол тартиб доданд, вале алакай шоми шанбе эълон шуд, ки нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатии кӯдаки хурдсол парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Тафтиши ин парвандаро мақомоти тафтишотии ноҳияи Виборг пеш мебаранд. Ба падари муштзӯр акнун бар асоси ин банди қонун то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button