Шоми ҷумъа, 30 июл дар мағозаи “Ашан” дар фурӯшгоҳи “Тройка” дар кӯчаи Верхняя Красноселская дар маркази Маскав байни муҳоҷирон боз як занозании нави гуруҳӣ бо тирпарронӣ рух додааст. Ин фурӯшгоҳ дар наздикии истоги метрои “Красноселская”, дар наздикии се вокзали роҳи оҳани Ярославская, Ленинградская ва Казанская ҷойгир шудааст.
Манбаи хабаргузории ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки “дар пайи занозании гуруҳӣ кормандони пулис ҳудуди 50 нафарро дастгир карданд.” Ба иттилои ӯ, дар “Ашан” муҳоҷирони хориҷӣ вақте дастбагиребон шуданд, ки як нафар дигареро дашном додааст ва дӯстони нафари таҳқиршуда ба ҳимояти ӯ бархоста, он нафари аввалро зери мушту лагат гирифтаанд.
Дар ҷараёни муноқиша касе аз силоҳ истифода бурдааст ва ҳоло муайян мекунанд, ки ин кадом навъи силоҳ буд?
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба иштирокчиёни муноқиша ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи бузург ва депортатсия ва ҳатто то 7 сол ҳукми зиндон бо депортатсияи баъдӣ аз қаламрави Pусия таҳдид мекунад.
Дар яке аз видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон дар назди мағозаи “Остин” занозанӣ доранд. Дар видеои дигар лаҳзаи занозании ду гуруҳ дар мағозаи “Ашан” сабт шудааст. Дар ин сабт дида мешавад, ки раҳгузарон бо нидои «Отставить!» (“Бас кунед!” кӯшиш доранд, ки тарафҳоро даргирро ҷудо кунанд. Баъди чанд лаҳза дида мешавад, ки иштирокчиёни занозанӣ аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба ҳар тараф пароканда мешаванд.
Дар чанд ҳафтаи охир дар Русия як силсила занозаниҳо байни муҳоҷирон рух дод. ВКД Русия гуфт, чунин занозаниҳо дар чанд минтақаи Руси, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида шуданд.
Аз ҷумла шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” ҳудуди 200 муҳоҷир, асосан зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозанӣ карданд. Пулис 103 нафари онҳоро дастгир кард.
Рӯзи 18 июл занозанӣ бо иштироки ҳудуди 20 нафар дар шаҳраки Апрелёвка дар вилояти Маскав рӯй дода, шоми 28 июл дар шаҳри Санкт Петербург зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифтанд. Пулиси Петербург 166 нафарро дастгир карда, 33 нафарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт ва ба зидди ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод.
Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.
ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.