ВидеоКоррупсия

БОВАР МЕКУНЕД? РАИСИ ХУРОСОН: ХОНА НАДОРАМ. РАИСИ ЛЕВАКАНД: ИНҶО ИҶОРАШИНАМ. РАИСИ ҶАЙҲУН: БЕМОШИНАМ…

Дар тасаввури бисёриҳо мансабдорони тоҷик  афроде ба назар меоянд, ки аз ҳисоби мансаб пулу сарвати фаровон ҷамъ оварда, соҳиби қасру кӯшку мошинҳои қиматбаҳо шудаанд, беҳтарин нозу неъмати дунёро мехӯранду  менӯшанд ва беҳтарин либоси дунёро мепӯшанд.

Вале оё ин тасаввур то куҷо дуруст аст ва оё дар воқеъ ҳамаи мансабдорони тоҷик чунин бою сарватманд ва ба қавли маъруф, дунёдоранд?

Хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” бо истифода аз нишастҳои хабарии нимсолаи раҳбарони шаҳру навоҳии водии Вахш талош кардааст, то дар бораи дороиҳои раисони ин минтақа аз забони худи онҳо  маълумот бигирад.

Раиси ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода рӯзи 30-июл дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли хабарнигорон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ягон дороӣ надорад.

Раиси ноҳия гуфт, ки як хона дошт, ки онро ҳам бо нархи 110 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. «Ҳатто мошини шахсӣ ҳам  надорам, -гуфтааст ӯ. Вале Аҳмадзoда афзудааст, ки “аммо ният дорам, барои худам як хона бигирам”.

Рӯзи 29 июл дар нишасти хабарӣ дар Шаҳритӯс дороии раиси ин ноҳия Ҷаббори Ғаффорро масъулони ин ноҳия иборат аз танҳо як манзили истиқоматӣ гуфтаанду халос.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз низ дар нишасти хабариаш гуфтааст, тамоми дороияш иборат аз як хонаву як мошин мебошад. Ӯ афзудааст, ки ҳамон мошинеро ҳам, ки дар дороияш буд, фурӯхтааст ва ҳоло мошин ҳам надорад.

Раиси шаҳри Леваканд Давлатзода Зарина дар яке аз нишастҳои матбуотиаш оид ба дороии худ чунин гуфта буд: «Ман як хона ва як мошин дорам, дар шаҳри Левакант бошад, иҷоранишинам».

“Фараж” менависад, ки имкони санҷидани дурустии иттилои манзурнамудаи ин раисонро  пайдо накардааст, “аммо корбарони шабакаҳои интернетӣ дар зери хабарҳои марбут ба ин мавзӯъ нобоварӣ иброз карда, мегӯянд, пас аз ба мансаб расидан дороиҳои онҳо бамаротиб меафзояд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button