ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШАНТАЖИ ЯК ҶАВОНЗАН БО ТАҲДИДИ НАШРИ АКСҲОИ МАҲРАМОНААШ

Як ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин ҷавон бо ҷавонзани 20-солаи сокини Ваҳдат шинос шуда, тавассути телефон аксҳои маҳрамонаи ӯро гирифтааст ва сипас бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз моҳи марти соли 2020 то ҳол бо таҳдиди  дар Интернет паҳн кардани ин аксҳо ва фиристодани аксҳо ба хешу табори ҷавонзан  аз ҷабрдида бо роҳи тамаъҷӯӣ 7 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба ин ҷавон акнун бар асоси моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тамаъҷӯӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
хххххххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Нуробод ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2021,  бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили сокини 23-солаи шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1-адад ноотбуки тамғаи «Асус», 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-5», 1-адад ҷузвдон ва либосҳояшро ба маблағи умумии 5 ҳазор сомонӣ дуздидааст. Ба ӯ бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 ба 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 02:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи қубурбарорӣ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат даромада аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Зарари расонидашуда  ба соҳиби чорво: сокини 59-солаи  Душанбе 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба сокини Ваҳдат низ бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои говдуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 20-сола бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри мазкур шиносои пайдо намуда тавассути телефони мобилиаш аксҳои маҳрамона гирифтааст.
Номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз моҳи марти соли 2020, то ҳол аз ҷабрдида барои паҳн накардани аксҳо бо тариқи шабакаи иҷтимои ва онҳоро ба хешу табораш нафиристодан бо роҳи тамаъҷӯӣ 7 ҳазор сомониро гирифтааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ноотбуки тамғаи «Асус», 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Ҷ-5», 1-адад ҷузвдон ва либосҳояшро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 02:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи қубурбарори, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат даромада аз он ҷо 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button