ВидеоМуҳоҷирон

ПРОКУРОР БАРОИ БЛОГЕРИ ТОҶИК КАРОМАТУЛЛО ҶАБОРОВ БАРОИ ПРАНК ДАР МЕТРОИ МАСКАВ 4 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРД (ВИДЕО)

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 30 июл аз додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав барои блогери зодаи Тоҷикистон Кароматулло Ҷаборов, ки 2 феврали соли 2020 дар метрои Маскав дар мавзӯи коронавирус пранки ноҷое карда буд, 4 соли зиндон талаб кардааст. Ҷаборов аз 9 феврали соли 2020 инак қариба якуним сол боз пушти панҷара қарор дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 2 феврали соли 2020 5 ҷавони аз 17 то 25-сола – се шаҳрванди Русия, як зодаи Қирғизистон ва як зодаи Тоҷикистон дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба самти истгоҳи “Улица 1905 года” ҳаракат дошт, мардумро бо коронавирус тарсонданд ва дар байни издиҳом таҳлука андохтанд.

Дар видеое, ки пранкерҳо дар Интернет нашр карданд, дида мешуд, ки яке аз онҳо, ки дар рӯяш ниқоб кашидааст, якбора дар байни вагон аз ҳуш меравад ва ба даступо задан сар мекунад. Мардум аввал мехоҳад ба вай кумак расонад, вале касе аз пранкерҳо мегӯяд, ки вай гирифтори коронавирус аст ва азбаски он вақт мардум тоза аз коронавирус хабар ёфта буду аз сироятшудаҳо сахт метарсид, ҳама аз бари вай дур мешаванд ва баробари ба истгоҳ расидани метро тарки вагон мекунанд.  Ба гуфтаи тафтишот,  ин саҳнаҳоро Кароматулло Ҷаборов наворбардорӣ карда, дар Интернет гузоштааст.

Ба зидди пранкерҳо аввал бо қисми аввали моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия (авбошӣ) парванда кушоданд, вле сипас иттиҳоми онҳоро ба қисми дуюми моддаи 213, яъне авбошии гуруҳӣ иваз карданд. Ҳамроҳи Ҷабборов дар ин парванда боз ду шаҳрванди Русия Исаченко А.А. ва Мелехов С.Д. низ ҳастанд. Айбдоркуннда барои Ҷабборов ҳамчун ҷазо 4 соли зиндон ва барои Мелехов ва Исаченко сесолӣ ҳукми маҳбаси низомаш умумӣ талаб кардааст.

Ҳукми пранкерҳо рӯзи 2 август эълон карда мешавад.

Гуруҳи пранкерҳое, ки Кароматулло Ҷаборов роҳбарӣ мекард

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button