ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ОМОРИ КОРОНАВИРУС: БОРИ АВВАЛ ШУМОРИ ШИФОЁФТАҲО АЗ СИРОЯТШУДАҲО БЕШТАР ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 30 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 75 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавируси навъи нави COVID-19 сабт шуда, 81 нафар дар як шабонарӯзи охир баракс аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аз 21 июн ба ин тараф, ки мақомоти Тоҷикистон бори аввал  аз аввали соли 2021 ошкор шудани ҳолатҳои нави сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф карданд, ин бори аввал аст, ки шумораи шифоёфтагон нисбат ба сироятшудагон дар як шабонарӯз зиёдтар шудааст. То кунун тамоюл баракс буд.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дар хона ваё дар муассисаҳои тандурустӣ дар умум 413 бемор аз коронавирус табобат мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ, бо 75 ҳолати ахири сироят  шумораи умумии гирифторшудагон ба коронавирус аз оғози пандемия то шоми 30 июл аз 15 ҳазор гузашт ва ба 15 ҳазору 4 нафар расид. Аз ин шумор 14 ҳазору 470 нфар, ё 96,4% аз шумори умумии гирифторшудагон шифо ёфта, 121 нафар фавтидаанд. Вазорати тандурустӣ танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ марги 31 нафарро аз коронавирус расман тасдиқ кардааст, ки ин моҳи июлро ба пурқурбонитарин моҳ аз замони шурӯи пандемия дар Тоҷикистон табдил медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button