ВидеоИқтисод

НАРХИ “ШОҲИ МАҲСУЛОТ” ТО 4 СОМОНӢ ФАРОМАД, ВАЛЕ БОЗ 9 СОМОНӢ ШУД

Нархи як кило сабзӣ, ки сокинон вақтҳои охир ба сабаби ҷастухези нархаш онро бо киноя  “шоҳи маҳсулот” ном кардаанд, баъди ба бозор даромадани ҳосили нав то ҳадди 4 сомонӣ пойин фаромада буд, рӯзҳои охир дар бозорҳои водии Вахш дубора то ба 9 сомонӣ боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, сабаби дубора ба осмон ҷаҳидани нархи сабзиро касе шарҳ дода наметавонад.

Ёдовар мешавем, дар моҳи майи соли ҷорӣ нархи сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аз 2 сомонӣ барои як кило то ба 10 сомонӣ ва дар бархе шаҳру ноҳияҳо ҳатто то ба 12 ва 13 сомонӣ хест. Нархи ин маҳсулот дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар моҳҳои охир чанд баробар боло рафта буд. Вале мақомот изҳори умедворӣ мекарданд, ки бо ворид шудани ҳосили нав ба бозорҳо нархи маъмулии сабзӣ низ барқарор хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз водии Вахш, нархи маводи сӯхт дар бозорҳои водии Вахш шадидан афзоиш ёфта, нархи як литр бензин ба 9 сомонию 60 дирам – 9 сомонию 70 дирам расидааст. Нархи газ дар нуқтаҳои сӯхтфурӯшии хурд 5 сомонию 90 дирам ва дар нуқтаҳои бузург 6 сомонӣ шудааст.

Як сокини шаҳри Бохтар  дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ба фарқ аз сабзӣ  ва маводи сӯхт нархи бархе маҳсулоти дигари дигар дар вақтҳои охир як каме коҳиш ёфтааст: “Барои мисол, 5 литр равған пеш 115 сомонӣ буд, вале ман дирӯз ба нархи 105 сомонӣ харидам. Фурӯшанда гуфт, имкон дорад, ки то 95 дирам боз арзон шавад. Фақат равғани “Анҳор” арзон нашудааст, нархаш 135 дирам барои 5 литр боқӣ мондааст.”

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод” нархи як халта орд низ то 40 сомонӣ арзонтар шудааст. Як халтаи 50-килоии орд пеш 255–260 сомонӣ буд, вале ҳоло дар бозорҳои Бохтар бо нархи 220 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Орду равған аз маҳсулоти асосии хӯрданӣ барои аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки пойин рафтани нархаш мардумро хурсанд кардааст. Ҳамин тавр, сабзӣ як маҳсулоти муҳим барои пухтани ош – таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказист ва дубора ба боло ҷаҳидану ба 9 сомонӣ расидани нархи як килои он сокинонро дигарбора нигарон кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button