ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ: ДАР САРОСАРИ ТОҶИКИСТОН 20 РӮЗ КАРАНТИН ЭЪЛОН ШАВАД

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 31 июл бо нашри  як муроҷиатнома ба унвони роҳбарони Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус пешниҳод кард, ки  ба хотири  “пешгирии афзоиши беморӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба табобати гирифторон пеш аз истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият… дар саросари ҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад.”

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки бо вуҷуди  рӯз то рӯз афзудани шумораи гирифторон ва даъватҳо ба ҷорӣ кардани карантини шадид дар Тоҷикистон, мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, зарурати ҷорӣ кардани карантинро дар кишвар намебинанд.

 Ғаффор Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, “вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд.”

Дар муроҷиатномаи Ҳизби демократ, ки дар саҳифаи раисаш Саидҷаъфар Усмонзода дар Фейсбук нашр шуд, гуфта мешавад, ки “тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст. Мутобиқи маълумотҳое, ки аз беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру деҳот ба мо мерасад, шумораи гирифторон ба беморӣ нисбат ба чанд моҳи пеш афзоиш пайдо кардааст. Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид. Вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд.”

Ба назари роҳбарони Ҳизби демократ, дар ин чанд моҳи охир иҷрои талабот ва маслиҳатҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тарафи шаҳрвандон хеле камтар шуда, мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: бозору мағоза, коргоҳу истироҳатгоҳ ва дохили воситаҳои нақлиёт, марказҳои хӯроки умумӣ фосилаи иҷтимоӣ ва тартиби истифодаи ниқоби муҳофизатиро риоя намекунанд.

“Ҳолати беҳдошти хеле аз бозору фурӯшгоҳҳо, дохили воситаҳои нақлиёт ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳотҳо заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст”,  гуфта мешавад дар муроҷианома. Демократҳои тоҷик таъкид кардаанд, ки ин ҳама дар давраест, ки дар Тоҷикистон ҳама ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд: “Ин ҷашн ва ин сана барои мардуми мо хеле азиз аст ва он бояд ба таври шоиста истиқбол гирифта шавад. Бинобар ин барои пешгирии афзоиши беморӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба табобати гирифторон пеш аз истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият пешниҳод мекунем, ки дар саросари ҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад.

Муаллифони муроҷиатнома меафзоянд, ки “албатта ҳалли ин масъала дар ҳамоҳангӣ бо зерсохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳама ҳолату воқеиятҳо бояд сурат бигирад.”

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 31 июл бо нашри  як муроҷиатнома ба унвони роҳбарони Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус пешниҳод кард, ки  ба хотири  “пешгирии афзоиши беморӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба табобати гирифторон пеш аз истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият… дар саросари ҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад.”

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки бо вуҷуди  рӯз то рӯз афзудани шумораи гирифторон ва даъватҳо ба ҷорӣ кардани карантини шадид дар Тоҷикистон, мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, зарурати ҷорӣ кардани карантинро дар кишвар намебинанд.

 Ғаффор Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ рӯзи 26 июл дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, “вазъият он тавре нест, ки карантин роҳандозӣ шавад. Мардум бояд талош кунанд, ки ваксина гиранд, эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои мутахассисонро барои пешгирӣ ҷиддӣ гиранду риоя кунанд.”

Дар муроҷиатномаи Ҳизби демократ, ки дар саҳифаи раисаш Саидҷаъфар Усмонзода дар Фейсбук нашр шуд, гуфта мешавад, ки “тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзиш ёфтан аст. Мутобиқи маълумотҳое, ки аз беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру деҳот ба мо мерасад, шумораи гирифторон ба беморӣ нисбат ба чанд моҳи пеш афзоиш пайдо кардааст. Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид. Вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд.

Ба назари роҳбарони Ҳизби демократ, дар ин чанд моҳи охир иҷрои талабот ва маслиҳатҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ аз тарафи шаҳрвандон хеле камтар шуда, мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: бозору мағоза, коргоҳу истироҳатгоҳ ва дохили воситаҳои нақлиёт, марказҳои хӯроки умумӣ фосилаи иҷтимоӣ ва тартиби истифодаи ниқоби муҳофизатиро риоя намекунанд.

“Ҳолати беҳдошти хеле аз бозору фурӯшгоҳҳо, дохили воситаҳои нақлиёт ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳотҳо заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст”,  гуфта мешавад дар муроҷианома. Демократҳои тоҷик таъкид кардаанд, ки ин ҳама дар давраест, ки дар Тоҷикистон ҳама ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд: “Ин ҷашн ва ин сана барои мардуми мо хеле азиз аст ва он бояд ба таври шоиста истиқбол гирифта шавад. Бинобар ин барои пешгирии афзоиши беморӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба табобати гирифторон пеш аз истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият пешниҳод мекунем, ки дар саросари ҷумҳурӣ ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад.

Муаллифони муроҷиатнома меафзоянд, ки “албатта ҳалли ин масъала дар ҳамоҳангӣ бо зерсохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳама ҳолату воқеиятҳо бояд сурат бигирад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button