ВидеоЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ВАКИЛИ СОБИҚИ ПАРЛУМОН АЗ ПАНҶАКЕНТ ШОДИБЕК АХМЕДОВ

Шодибек Ахмедов, вакили собиқи парлумон аз ҳавзаи №21 (Панҷакент), рӯзи 31 июл дар синни 66 вафот кардааст. Дар ин бора дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам” яке аз маъмурони ин гуруҳ журналист Хуршед Фозилов хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, маросими дафни Шодибек Ахмедов субҳи 31 июл, соати 10 дар оромгоҳи “Таги Камар” баргузор шудааст.

Дар бораи иллати марги Шодибек Ахмедов иттилое нест. Танҳо яке аз корбарон навиштааст, ки “доғи фарзанд ахир шуморо рабуд, акаҷонам…”

Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ҳамчун як инсони нексиришту накӯхислат, хоксор ва равшандилу поквиҷдон ёд кардаанд.

Шодибек Ахмедов 1 январи соли 1955 дар Панҷакент ба дунё омада, риштаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва сипас мактаби ҳизбии КПСС дар Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ дар даврони Шӯравӣ собиқаи кориашро ҳамчун агроном дар колхози ба номи Рӯдакӣ сар карда, хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва дар сохторҳои комсомол ва КПСС кор карда, то ба мақоми котиби дуюм ва сипас котиби якуми ҳизби коммунист дар Панҷакент расид. Шодибек Ахмедов ҳамчунин чандин сол дар мақоми мудири кулли иттиҳодияи агросаноатии “Зарафшон” кор карда буд.

Дар интихоботи соли 2000 Ахмедов аз ҳавзаи №21 (Панҷакент) ба намояндагӣ аз ҳизби коммунист вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд  ва 5 соли вакилиаш узви Шӯрои Маҷлиси намояндагон буд.

Ба иттилои Хуршед Фозилов, Шодибек Ахмедов солҳои ахир ба тиҷорат рӯ оварда буд ва молики “Умариён”, яке аз марказҳои хизматрасонии замонавӣ бо номи дар Панҷакент буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button