ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР 2 САДАМА ДАР РӮДАКӢ ВА ШАҲРИСТОН 2 КАС ҲАЛОК ВА 3 ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду садамаи марговари рӯзи 30 июл дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Рӯдакӣ ду нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.  Аз ҷумла соати 11:30 бар асари бархӯрди “Мерседес” бо як “Жигули” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мусофири 41-солаи ВАЗ 2106 ҷон бохта, соати 15:30 дар ҳудуди ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрди “Тойота Ланд Крузер” бо “Опел Астра” сабаби ҳалокати як мусофири “ҷип” ва ҷароҳат бардоштани ронандаи “Опел” ва ду мусофири дигари “Тойота” шудааст.

Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сӯҳроби Рустам, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», ки таҳти идораи ронанда Ашуров Фаёз Шуҳратович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», Облоназаров Расул Шоимназарович, соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати деҳоти Бунҷикати ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Ланд-Крузер-200», Рустамзода Изатулло Рустам, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, аввал ба бетонҳои муҳофизаткунандаи роҳ ва сипас ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ашӯров Комил Валиевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири «Тойота Ланд-Крузер-200» Акрамов Каромат Абдуллоевич, сокини ноҳияи Темурмалик, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи «Опел-Астра», Ашӯров К.В, ва мусофирони дигари «Тойота Ланд-Крузер-200», Қурбонов Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1982, Раҳимов Ҷумъахон, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи Темурмалик ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button