ВарзишВидео

БЕ ЯГОН МЕДАЛ: НОКОМИИ ТОҶИКИСТОН БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО-2020

Рӯзи 31 июл ду варзишгари охирини дастаи олимпии Тоҷикистон – Баҳодур Усмонов дар намуди бокс ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – низ шикаст хӯрданд ва бо ҳамин Бозиҳои Олимпии Токио барои Тоҷикистон ҷамъбаст шуд ва, мутаассифона, бе ягон медал. Аз соли 2004 ба ин тараф ин бори аввал аст, ки тими Тоҷикистон аз Олимпиада бе медал бармегардад. Тоҷикистон соли 2008 дар Пекин ду медали нуқра ва биринҷӣ (дзюдочиён Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев), соли 2012 дар Лондон як медали биринҷӣ (муштзан Мавзуна Чориева) ва соли 2016 дар Рио де Жанейрои Бразилия як медали тилло (гурзандоз Дилшод Назаров) ба даст оварда буд.

Рӯзи 31 июл Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввали вазни -63кг бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда буд, дар ҳаштякфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Элнур Абдураимов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардид ва аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Ҳамин тавр, Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 10.66 сония ҷои чорум ва миёни 26 нафар иштирокчӣ ҷои 12-умро соҳиб шуд ва низ ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои олимпиро аз даст дод.

Рӯзи 30 июл ҳарду шиновар аз дастаи олимпии Тоҷикистон Олимҷон Ишанов ва Анастасия Тюрина низ дар мусобиқаи шиноварии тарзи озод дар масофаи 50 метр ноком шуданд.  Ба даври баъдӣ 16 шиновари мард ва 16 шиновари зан роҳ меёфтанд, вале Ишанов дар байни 73 нафар  ҷои 60-умро ба даст овард ва Анастасия Тюрина дар байни 81 нафар ҷои 62-юмро гирифт.

Ҳамин тариқ, ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба анҷом расониданд ва аз медалҳои Олимпиадаи Токио-2020 бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, дастаи олимпии Тоҷикистон аз даҳ варзишгар иборат буд – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button