АМРИКО ЯК ПОСГОҲРО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН БОЗСОЗӢ КАРДААСТ (6 АКС)
Рӯзи 30 июл дар ҳузури кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Раҷаб Саодатзода дар ноҳияи Шаҳритӯс маросими супоридани посгоҳи марзӣ доир шуд. Ин посгоҳи марзӣ бо маблағи 570,000 доллар кумаки молиявии Амрико таъмиру бозсозӣ шудааст.
Сафорати Амрико гуфт, ин посгоҳ барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритӯси вилояти Хатлон фароҳам меорад. “Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад”, гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Сафорати Амрико мегӯяд, “Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, мебошад”.
Сафорат ёдовар шудааст, ки аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари ҳамкориҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзиаш, ба маблағи беш аз 155 миллион доллар кумак расонидааст.
Бино ба омори сафорати Амрико, Иёлоти Муттаҳида дар тӯли қариб 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.
Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар солҳои охир бештар ба мақомоти амниятии ин кишвар сурат гирифта, маблағгузории барномаҳои дигаре, чун ҳуқуқи инсон, озодии матбуот ва озодиҳои демократӣ аз ҷониби Амрико баракс хеле коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон рӯзи 7 майи соли 2021 капитан Шодиев Ҷумабой, сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми «Айвоҷ» дар марзи ноҳияи Шаҳритӯс бо Афғонистонро бо ҷурми сӯиистифода аз мансаб ва қочоқи 7500 қуттӣ тамокуи “ESSE CHАNGE” ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.