ВарзишВидео

ТЕМУР РАҲИМОВ НИЗ АЗ МЕДАЛИ ОЛИМПӢ БЕНАСИБ МОНД

Рӯзи 30 июл гуштингири чорум ва охирин дзюдо аз тими олимпии Тоҷикистон Темур Раҳимов низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум шуд.


Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал бар намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба кард, вале дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи чор дзюдочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) аз медалҳои Бозиҳои олимпии Токио бенасиб монданд. Ду муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ дар Олимпиадаи Токио аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Аз байни муштзанҳри тоҷик танҳо Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ рӯзи 25 июл дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва рӯзи 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов, як муштзани қазоқ, ки аз Ӯзбекистон намояндагӣ мекунад, вориди рақобат хоҳад шуд.

Рӯзи 30 июл боз ду узви тими олимпии Тоҷикистон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев рӯзи 31 июл дар дав ба масофаи 100 метр дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button