ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 15 ҲАЗОР НАЗДИК МЕШАВАД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 29 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  84 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шудааст.  Як рӯз қабл низ дар Тоҷикистон 84 мавриди сироят ба коронавирус сабт шуда буд. Ин ҳамагӣ 4 маврид камтар аз 88 ҳолати рекордист, ки дар Тоҷикистон рӯзи 27 июл сабт шуд ва баландтарин нишондиҳанда  дар соли 2021 ба шумор меравад.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 76 гирифтори коронавирус пас аз муолиҷа шифо ёфта, боз як нафар, мутаассифона, вафот кардааст. Ин шумораи фавтидагон танҳо дар моҳи июлро ба 31 нафар ва аз аввали пандемия мерасонад. Ба ин тартиб, моҳи июли соли 2021 аз нигоҳи маргумир аз коронавирус пурқурбонитарин моҳ барои Тоҷикистон аз замони шурӯи пандемия дониста мешавад.

Дар умум, бар асоси омори расмии вазорат, то шоми 29 июл дар Тоҷикистон 14 929 мавриди гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор то шоми 29 июл 14 389 нафар, ё 96,4% аз шумори умумии сироятшудагон шифо ёфта, вале 121 нафар фавтидаанд.

Агар суръати паҳншавии коронавирус мисли рӯзҳои  аввали ин ҳафта боқӣ мемонад, ба эҳтимоли ғолиб, то шоми 30 июл шумораи умумии сироятшудагон метавонад марзи 15 ҳазорро убур кунад.

Тибқи ин омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо дар умум 421 нафари ба коронавирус сироятшуда таҳти табобат қарор доранд. Ин баландтарин рақам дар соли 2021 ба шумор меравад. Вазорат қаблан гуфта буд, ки ба ҳисоби онҳо, ҳар нафари панҷум дар Тоҷикистон ин бемориро дар шакли вазнин мегузаронад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button