ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН МОШИНИ МУОВИНИ ҲОКИМИ ВИЛОЯТИ БОДКАНДРО САНГБОРОН КАРДААНД

Шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 29 июл, баъди соати 20, мошинеро, ки дар он муовини намояндаи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд ҳамроҳи раиси деҳаи Оқсой сафар дошт, сангборон кардаанд.

Дар хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии ин вилоят ба хабаргузории қирғизии «Кабар»  гуфтаанд, ки “шаҳрвандони Тоҷикистон мошини раиси деҳаи Оқсойро сангборон карданд. Муовини раиси вилояти Бодканд низ дар дохили ин мошин буд.”

Ин ҳамла  дар шуъбаи милитсияи ноҳияи бо Исфараи Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд ҳамчун “авбошӣ” сабт шудааст.

“Дар пайи ин ҳодиса музокироти роҳбарони милитсияи вилояти Бодканд ва шаҳри Исфара доир шуд. Натиҷа  ин шуд, ки ҷониби Тоҷикистон зарари расондашударо барқарор мекунад”, -гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи вилояти Бодканд.

Ҷониби Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодааст.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз 970 км марзи мустақими байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсии марз, асосан дар марзи байни Исфараву Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ҳар сари чанд вақт бар сари обу замин ва роҳу чарогоҳ байни сокинони ду тарафи марз ва марзбонҳо муноқишаҳо сар мезананд.

Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт: 19 кушта ва 87 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 захмӣ ва 153 захмӣ аз ҷониби Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи июн ба Душанбе омад, вале бо вуҷуди 7 соати музокироти пушти дарҳои даста ӯ ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи марз ба тавофуқ расида натавонистанд.

Ахиран хабар омад, ки гуруҳҳои кории ду кишвар тавонистанд бар сари таъйин ва аломатгузории 40 км марз ба тавофуқ бирасанд, вале дар мавриди ин қисматҳои марз созишномаи ниҳоии байнидавлатӣ ҳанӯз имзо ва тасвиб нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button