ВидеоДин ва боварҳо

МАХДУМИ АБДУЛҚАЙС БАЪДИ СУХАНРОНИАШ ДАР САРИ ГӮРИ ҚОРӢ МИРЗОМУДДИН БОЗПУРСӢ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Абдулқайс Абдуллоев, як рӯҳонии 43-сола аз ноҳияи Қумсангирро рӯзи 28 июл дар раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Махдуми Абдулқайсро махсус барои “суҳбат” бо мақомот аз Қумсангир ба шаҳри Бохтар овардаанд, вале баъди анҷоми бозпурсӣ ҷавобаш додаанд.

Худи рӯҳонӣ ё наздиконаш ин қазияро шарҳ надодаанд, вале ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, бозпурсии махдуми Абдулқайс зоҳиран ба мавъизаи ӯ дар маросими дафни Қорӣ Мирзомуддин Раупов дар деҳаи Виёни ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш бастагӣ дорад. Қорӣ Мирзомуддин субҳи 22 июл дар синни 65 ба иллати саратони шуш вафот кард ва дар маросими намози ҷанозааш ҳудуди 4 ҳазор нафар иштирок карданд.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Вақте ҷанозаи Қориро ба қабр гузоштанду болояшро бо хок мепӯшонданд, Абдулқайс Абдуллоев дар сари гӯр кӯтоҳ, шояд ягон 5 дақиқа суҳбат кард. Хеле кӯтоҳ гап зад, чунки ҳанӯз қабри Қориро пурра напӯшонда буданд, ки қироати сураи Ҳазрати Таборак сар шуд ва мавъиза ҳам тамом шуд. Махдуми Абдулқайс дар суханрониаш аз Қорӣ Мирзомуддин хеле сифат кард ва аз ҷумла гуфт, дар назди даргоҳи Худованд шахсе қадр дорад, мисли Қорӣ ки олим бошад, вазиру подшоҳ мисли як олим қадр надоранд.  Бисёрии онҳое, ки дар намози ҷаноза ва дафни Қорӣ ширкат доштанд, бар инанд, ки шояд ҳамин қиёси эътибори Қорӣ бо вазиру подшоҳ сабаби барои “суҳбат” даъват шудани ӯ шуда бошад.”

Ин нахустин мавриди барои “қиёсҳои ноҷо” дар мавъизаҳояшон мавриди таъқиб қарор гирифтани рӯҳониён дар Тоҷикистон нест.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 апрел Абдулҳақ Обидов, маъруф ба Махдуми Абдулҳақ, сархатиби ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шуд ва танҳо баъди ду моҳи боздошт, дар нимаи моҳи июн озод шуд. Мақомоти амниятӣ он вақт гуфта буданд, ки Махдуми Абдулҳақ ва 5 нафари дигар ба пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия муттаҳам мешаванд.

Вале манобеи сомонаи “Бомдод” хабар доданд, ки Махдуми Абдулҳақро барои як суханронии пурсарусадояш дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ дастгир кардаанд. Домулло Ҳикматуллоҳ, яке аз муътабартарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик, рӯзи 13 апрел дар синни 80 аз олам чашм пӯшид ва рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш – деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар маросими дафни ӯ ҳазорон нафар иштирок карданд.

Домулло Абдулҳақ дар  он маросим Домулло Ҳикматуллоҳро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурда, аз он изҳори надомат кард, ки “вақте чунин инсонҳо дар миёни мардум боқӣ намонд, Худованд олимеро боқӣ нагузошт, мардум дигар пешвоёни ҷоҳил ва нодонро барои худ пешво мегиранд”  ва ин “пешвоҳои ҷоҳилу нодон, ки аз илми Шариъат баҳрае надоранд, бидуни илму огоҳӣ барои мардум фатво содир мекунанд.  Пасон онҳо худ гумроҳ ва дар натиҷа, дигаронро низ гумроҳ мекунанд.”

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, мақомоти амниятӣ дар ин муқоиса гӯё ишораҳо ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаанд, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа “Пешвои миллат” эълон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button